– Оё медонед, ки Амир Олимхон 37 фарзанд дошт?
– Маблағи ҳангуфти Амир Абдулаҳад дар бонки Фаронса.
– Миллионҳои Амир Олимхон дар Бонки Бритониё.
– Амири беватан хору залил буд ё бениёзу соҳибимтиёз?
– Олимхон дар ғарибӣ чӣ машғулият дошт?
105 сол қабл, 2-юми сентябри соли 1920 артиши Шуравӣ Бухороро тасарруф кард. Амири Бухоро Сайид Амир Олимхон аз пойтахт фирор кард. Шаш моҳ дар Қалъаи Ҳисор буд ва баъдан ба Афғонистон паноҳ бурду то вопасин нафас дар Кобул зиндагӣ кард. Ӯ дар Кобул чӣ рӯзгор дошт? Пажӯҳишгарони мо ба баррасии ин мавзуъ камтар пардохтаанд. Бинобар ин, мо ба баъзе аз саҳифаҳои зиндагии амири беватан рӯшанӣ меандозем.
37 фарзанди Амир
Аз манбаъҳои таърихӣ бармеояд, ки амир Олимхон аз занҳои бешумораш тақирибан 37 фарзанд (17 писар, 20 духтар) дошт.
Писарони амир: 1. Саид Умар, 2. Саид Мурод, 3. Саид Иброҳим, 4. Саид Абдураҳим, 5. Саид Абдуфаттоҳ, 6. Саид Абдулкабир, 7. Саид Азимшиор, 8. Саид Мансур (шоир), 9. Саид Абдулло, 10. Саид Абдулҳоҷӣ, 11. Саид Абдуғаффор, 12. Саид Ҳоҷӣ, 13. Саид Абдусаттор, 14. Саид Абдурауф, 15. Саид Муҳаммад, 16. Саид Ориф, 17. Саид Шоҳмурод.
Духтарони амир: Исми на ҳамаи онҳоро муаррихон маълум кардаанд. То ба имрӯз номи 10 нафарашонро дар даст дорем. 1. Шукрия, 2. Муҳсина, 3. Хайрия, 4. Муслима, 5. Солеҳа, 6. Назокат, 7. Муборак, 8. Муъмина, 9. София, 10. Узрӣ.
Вале ин рӯйхат низ ниҳоӣ нест. Тавре аз манобеи таърихӣ бармеояд, амир Олимхон айшу ишратро дӯст медошт ва пайваста дар ҳалқаи гулрухон буд (ва натанҳо). Ҳатто дар вазъияти душвортарин – фирор аз Бухоро ва мустақар шуданаш дар Қалъаи Ҳисор каниздухтаронро ҳамчун туҳфа мепазируфт. Ҳатто ба ҳайси ҳадя пазируфтани духтари 13-сола аз ҷониби Амир дар Ҳисор низ дар манобеъ омадааст.
Писари шоири Амир
Дар даврони Шуравӣ исми ҳамагӣ як фарзанди Амир Олимхон маълум буд ва дар бораи ӯ матбуоти Шуравӣ пайваста мақолаҳо нашр мекард. Ӯ ҳам бошад, Шоҳмурод Олимови низомӣ буд, ки дар сафи Артиши Сурх хизмат мекард.
Ҳаштумин писари Амир Олимхон Саид Мансур Олимӣ табъи шоирӣ дошт ва эҷодкор буд. Тибқи навиштаи муаррихи ӯзбек Ҳалим Тӯраев, Мансур соли 1931 дар Афғонистон ба дунё омадааст. Як муддат омӯзгорӣ кардааст. Ӯ табъи шоирӣ низ дошт. Намунаи ашъораш дар тазкираи “Армуғони Саббоқ” омадааст.
Саид Мансур Олимӣ рисола таълиф кардааст, таҳти унвони “Бухоро -гаҳвораи Туркистон”, ки барои таърихнигорони мо чандон маълум нест. Зеро рисолаи мазкур бо забони форсӣ бори аввал дар Пешовар нашр шуда, баъдан соли 1996 дар Туркия низ бо забону алифбои форсӣ чоп шудааст. Соли 2004 ин китоб аз ҷониби профессори Донишгоҳи Бухоро Ҳалим Тӯраев ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва нашр гардидааст.
Ин китоб дар мавриди хонадони манғит маълумоти фаровону арзишманд дорад. Муаллиф рисолаашро аз давраи истилои Осиёи Миёна аз ҷониби арабҳо оғоз карда, воқеаву ҳодисаҳои то солҳои 20-уми асри ХХ-ро фаро мегирад. Дар асар пас аз қисмати муқаддимавӣ дар бораи зуҳури дини ислом дар қаламрави Мавароуннаҳр, оид ба топоними Бухоро, масоҳати он, китобхонаҳо бо нишон додани ном ва теъдоди китобҳо, қаламрави Бухоро, сохтори идорӣ, мансабҳо, мадрасаҳо (беш аз сад мадраса) ва маблағи барои бунёди он масрафгардида), ҳаммомҳо, дарвозаҳои шаҳр ва ҳашт сулолае, ки дар Бухоро ҳукумат ронданд, аз Сомониён то Манғитиён маълумоти ҷолиб додааст. Қисмати асосии асар бештар ба воқеаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва мадании Мавороуннаҳр дар давраи ҳукмронии сулолаи Манғития бахшида шудааст.
Маблағи ҳангуфти Амир Абдулаҳад дар бонки Фаронса
Муаллифи рисолаи «Бухоро – гаҳвораи Туркистон» ба рӯзгори бобояш, падари Сайид Олимхон – Амир Абдулаҳадхон (солҳои ҳукмронӣ 1885-1910) бештар тамаркуз мекунад. Ӯ дар бораи бобояш бо муҳаббат хома ронда, таъкид мекунад, ки ӯ ба шеъру адабиёт дилбастагӣ дошт ва бо тахаллуси «Оҷиз» шеър менавишт. Ҳамчунин Саид Мансур зикр мекунад, ки Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Муҳтарам маҳз бо супориши Амир Абдулаҳадхон “Тазкират ул‑шуаро” навиштааст. Ӯ ҳамчунин Абдулаҳадро саховатманд ҷилва дода, менависад, ки ӯ дар Маккаи Мукаррама, Мадинаи Мунаввара, Шом, Миср, Сурия ва Ироқ масҷидҳо, меҳмонхона ва корвонсаройҳо бунёд кардааст, ки солҳо мавриди истифодаи зиёраткунандагон буд.
Ӯ ҳамчунин дар бораи бобояш як факти ҷолибро меорад. Менависад, ки Амир Абдулаҳадхон дар Бонки Фаронса маблағи бузурге гузошта буд, ки то ҳол истифода нашудааст.
Сарнавишти пулҳои амир дар бонки Бритониё
Саид Мансур Олимӣ дар рисолаи «Бухоро – гаҳвораи Туркистон» дар бораи маблағҳои падараш Амир Сайид Олимхон ҳам маълумоти ҷолиб пешниҳод мекунад. Ӯ менависад, ки Амир Олимхон соли 1914 тавассути намояндагонаш – Тӯрақул, Қорӣ Музроб ва Қорӣ Муҳаммад 13 500 адад пӯстҳои қоракӯлиро ба Ҳинди Бритониё фиристодааст ва ин тиҷораташ баъдан ҳам идома доштааст. Соли 1921 аз қаламрави Афғонистон Ҳоҷӣ Исмоилбек ва Тӯрақулро ба Лондон (Англия) мефиристад, то пӯстҳои қоракӯлиро ба фурӯш бароранд. Пӯстҳои қоракӯлии амир бо нархи 17 500 000 рупияи ҳиндӣ фурӯхта мешаванд. Аз ин маблағ 27 930 фунт стерлинг, 2 шиллинг ва 9 пенс ба бонки “Grindlays Bank P.J.C.” дар шаҳри Лондон ба номи Амир Олимхон гузаронида мешавад. Ба навиштаи Саид Мансур Олимӣ, онҳо талош кардаанд, ки аз бонкҳои Пешовар ва Лондон ин маблағҳоро бигиранд, вале (то лаҳзаи нашри китоб) муроде ҳосил нашудаву маблағҳо дар суратҳисоби амир боқӣ мондаанд.
Шоҳи гуреза
Саид Мансур Олимӣ ҳамчунин дар бораи муносибати амирони Афғонистон Амонуллохон (солҳои 1919-1929), Ҳабибуллоҳи Калаконӣ (бо лақаби Бачаи Сақо, соли 1929), Муҳаммад Нодиршоҳ (1929-1933),
Муҳаммад Зоҳиршоҳ (1933-1973) бо падараш маълумоти ҷолиб медиҳад. Тибқи навиштаи ӯ, вақте ки Амир Олимхон соли 1921 (дар баҳор) бо 500 нафар ҳамроҳонаш вориди Кобул мегардад, аввал дар боғи Ҳусайн Кавт иқомат мекунад. Баъдтар ӯро ба боғи Ҳошимхон мекӯчонанд ва баъди як сол ба қалъаи Муродбег интиқол медиҳанд. Пас аз чор моҳ дар он ҷо зистан, қароргоҳи охирини ӯ боғи Қалъаи Футуҳ мегардад, ки дар масофаи 11 км дуртар аз шаҳри Кобул ҷойгир буд. Ин мавзеъ ба Амир ва атрофиёни ӯ ба таври ройгон барои иқомати доимӣ ҳадя карда шуда буд.
Саид Мансур менависад, ки падараш дар Афғонистон тангдастӣ намекашид ва фақиру муҳтоҷ набуд. Дар замоне ки дар қалъаи Муродбег иқомат мекард, Ҳоҷӣ Мирзо Девонбегӣ се тоҷи маросимӣ, ки бо гавҳарҳо ва алмосҳои қиматбаҳо оро ёфта буданд, ба ӯ тақдим кард. Амир яке аз ин тоҷҳо ва камари тиллоии худро ба Амонуллохон ҳадя кард. Тоҷи дувумро бошад, ба Муҳаммад Нодиршоҳ тақдим намуд. Тоҷи сеюм бошад, барои дастгирии муҷоҳидон, ки барои озодӣ меҷангиданд, фурӯхта шуда, маблағи он барои харидани аслиҳа, асп ва дигар таҷҳизот истифода гардид.
Ба навиштаи Саид Мансур Олимӣ, бо маблағи танҳо як чунин тоҷ метавонистанд даҳҳо мисли қалъаи Фатҳро харидорӣ кунанд.
Илова бар ин, тибқи гузориши ахбори Кобул дар моҳи январи соли 1927, ҳукумати Афғонистон ба Амир Олимхон 14 500, ба Шермуҳаммадбек 1 000, ба Иброҳимбек 500 ва ба Фузайл Махсум 400 рупия нафақа таъин карда буд.
Амири зиндонӣ
Муаллифи рисолаи “Бухоро – гаҳвораи Туркистон” Саид Мансур Олимӣ дар баробари ин аз душвориҳои ғурбат низ менависад. Ӯ мегӯяд, ки гарчанде амирони Афғонистон бо падараш муносибати нек ва самимӣ доштанд, озодиҳои ӯро маҳдуд карда буданд. Ба навиштаи ӯ, Амир наметавонист ҳатто озодона аз ҷое ба ҷое ҳаракат кунад. “Танҳо дар давраи кӯтоҳи ҳукмронии Бачаи Сақо (9 моҳ) Саид Олимхон ҳуқуқ пайдо кард, ки дар қаламрави Афғонистон бо озодӣ гаштугузор кунад”,- менависад ӯ.
Саид Мансур менависад, ки ҳатто дар замони ҳукмронии Муҳаммад Нодиршоҳ фарзандони Амир Олимхон, ки дар Афғонистон таваллуд шуда буданд, аз ҳуқуқи гирифтани таҳсилоти олӣ маҳрум буданд. Онҳо наметавонистанд аз як шаҳр ба шаҳри дигар кӯчанд ва ба онҳо иҷозаи харидории замину моликият надода буданд.
Қобул, соли 1930
Парвандаи “Олимхон Аҳадхонов”
Саид Мансур Олимӣ дар навиштаҳояш Амонуллохон, Муҳаммад Нодиршоҳ ва Зоҳиршоҳро ба хиёнат ба миллат айбдор карда, онҳоро “фурӯхташуда ба коммунистҳо” меномад. Ва ҳатто бо ришханд ишора мекунад, ки ҳатто маош ва хароҷоти Амири Бухоро, ки аз ҷониби Амонуллохон ҷудо шуда буд, аз тарафи коммунистони Шуравӣ пардохт мешуд.
Вале ҷойи дигар Саид Мансур менависад, ки амири Афғонистонро мефаҳмад, зеро барои онҳо ҳам душвор буд, зеро паноҳгоҳ додан ба Амири Бухоро, ки Шуравӣ таъқиб мекард, осон набуд. Ӯ менависад, ки шуравӣ борҳо талаб кардааст, то Амир Олимхон ва ҳамроҳонашро таслими онҳо кунанд, вале Амонуллохон рад мекунад.
Вале аз навиштаҳои дигар муаррихон маълум аст, ки Ҳукумати Шуравӣ фаъолияти Амирро дар Кобул зери назорат дошт. Хадамоти кашшофии шуравӣ ба муқобили «Олимхон Аҳадхонов» парвандаи махсусе доштанд, ки фаъолияти амир ва атрофиёнашро пайгирӣ мекарданд. Дар як гузориши соли 1927 гуфта мешавад: «Амир дар моҳи декабр бо зани ҳаштумаш ба манзилаш дар Ҷалолобод рафт. Дар ҳамин рӯзҳо Шермуҳаммадбек ба Қозӣ Ҷонибек нома фиристод. Фузайл махсум бо Шермуҳаммадбек робитаи дӯстона дорад. Онҳо қасд доранд неруҳояшонро муттаҳид намуда, дубора ба ИҶШС ҳуҷум кунанд. Вале миёни Иброҳимбек ва Лақай ихтилоф вуҷуд дорад. Англисҳо мехоҳанд бо миёнаравии Амир Олимхон ва Ҳошим Шоиқ ҳамаи онҳоро муттаҳид созанд. Мо барои шиддат бахшидани низоъ миёни онҳо ҳамаи чораҳоро меандешем».
Амири фирорӣ ба чӣ кор машғул буд?
Саид Мансур Олимӣ дар бораи падараш бо меҳр ҳарф мезанад (ва ин табиист). Ӯ менависад, ки падараш ба фалсафа ва адабиёт алоқа дошт, махсусан осори Мирзо Бедилро меписандид. Дар қалъаи Футуҳ шабҳои “Бедилхонӣ” ва шабҳои шеърхонӣ баргузор мекард.
Ӯ менависад, ки падараш дар шаҳри Кобул, миёни як дастаи футболи меҳмон ва дастаи муҳоҷирони ӯзбек бо номи “Турон” мусобиқаи футбол ташкил намуда, ба бозингарони беҳтарин туҳфаҳо тақдим карда буд.
Ӯ мегӯяд, ки падараш ҳамеша сари худро бо салла мепечонид ва тибқи анъанаҳои шарқӣ либоси миллӣ мепӯшид.
Муаллиф ёдоварӣ мекунад, ки падараш ба тарбияи фарзандон таваҷҷуҳи вежа зоҳир мекард. Ҳатто барои омӯзонидани забонҳои инглисӣ ва урду ба фарзандонаш, Амир Олимхон аз шаҳри Мурободи Ҳинди Британия ду омӯзгор бо номи Хӯҷа Раҳматулло ва Хӯҷа Кароматуллоро ба кор гирифт. Вале дертар маълум шуд, ки онҳо ҷосусони англис будаанд…
Саид Мансур менависад, ки падараш ҳамеша дар ёди Ватан буд. Ӯ соли 1943 ба нахуствазири Афғонистон Аҳмадшоҳ гуфтааст: «Аз омаданам ба Афғонистон 23 сол гузашт. Дар ин муддат ғарибӣ ва мусибатҳои зиёдеро паси сар кардам. Вале ёди Ватан ҳеҷ гоҳ қалбамро тарк накард. Бо ёди Ватан зистам ва бо ёди Ватан хоҳам мурд».
Фарҷоми зиндагӣ
Амири охирини Бухоро – Сайид Олимхон дар охири умраш дучори бемории вазнин шуда, босуръат нобино мегардад. Баъди муддати тӯлонии беморӣ, ӯ рӯзи 28-уми апрели соли 1944 дар Қалъаи Футуҳ вафот мекунад ва дар оромгоҳи “Шаҳидони Ислом”, воқеъ дар наздикии шаҳри Кобул, ба хок супурда мешавад. Ҳоло авлодони Амир Олимхон дар Афғонистон, Туркия, Эрон, ИМА, Канада, Арабистони Саудӣ ва кишварҳои аврупоӣ зиндагӣ мекунанд.
Бори дигар дар бораи китоб
КитобиСаид Мансур Олимӣ – “Бухоро – гаҳвораи Туркистон” асари арзишманди таърихӣ аст. Он фақат хотираву ёддошт нест, балки муаллиф зимни таълифи он ба асарҳои илмиву таърихӣ, аз ҷумла “Таърихи Салимӣ”-и Мирзо Салимбек, «Туркистон»-и Обидшоҳ Пурӣ, «Туркистон дар гузашта»-и У. Саромӣ, «Ҳақиқати талхи Туркистон»-и З. Валидӣ, «Осиёи Марказӣ – мустамликаи болшевикон» -и Сайид Расул, «Сурхҳо»-и Х. Холидӣ, «Ҳатто аз рӯбоҳ ҳам маккортар»-и Халилулохон, «Зиндони ҷаҳон»-и С. Тарозӣ ва даҳҳо китобу рӯзномаву маҷалла истифода кардааст. Гарчанде ӯ на ҳамеша ба аъмоли падару бобоёнаш баҳои холисона медиҳад, вале ин табиӣ аст, ки фарзанд дар бораи падараш ҳарфи бад навишта наметавонад.
Тавре ишора шуд, асли китоб бо забони тоҷикӣ (форсӣ) таълиф ва нашр шудааст. Бародарони ӯзбек арзиши онро дарк карда, тарҷумаву чоп карданд. Вақти он аст, ки ин китоб ба забони асл, яъне тоҷикӣ дар Тоҷикистон низ нашр ва дастраси аҳли илм гардад.
Одил НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube