Рубрики Pressa

БДА: Ҷаримаи 300 ронанда дар 3 рӯз


Давоми 3 рӯзи амалиёти “Истгоҳ” кормандони БДА зиёда аз 300 нафар ронандаро барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва нигоҳ доштани мошинҳояшон дар ҷойҳои мамнуъ ҷарима кардаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки ронандагон барои риоя накардан ба қоидаҳои ҳаракат, аҳамият надодан ба нишонаҳои роҳ, нигоҳ доштани мошин дар ҷойҳои мамнуъ ва қоидавайронкуниҳои дигар тибқи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷаримабандӣ шуда, мошинҳояшон ба муҳлати тӯлонӣ ба таваққуфгоҳи ҷаримавӣ бурда шудааст. Мошинҳо дар таваққуфгоҳи ҷаримавӣ аз 3 рӯз то 1 ҳафта нигоҳ дошта мешаванд.

Сабаби аз ҷониби ронандагон зиёд ба назар расидани вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои пойтахтро ба зиёд будани шумораи нақлиёт, таъмири роҳҳои асосӣ ва нигоҳ доштани мошинҳо дар канори роҳҳо, ки ҳаракатро барои дигар воситаҳои нақлиёт душвор мегардонад, рабт додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *