(Идомаи мақолаи “Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд”)
Соли 1985. Паёми бозсозӣ бо таҳаввулоте, ки дар Тоҷикистон сурат гирифт, даромехт. Бо дастгирии Маскав ва тавтиаи як қатор қудратхоҳон дар Душанбе Раҳмон Набиев аз мансаби Котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон барканор гашт. Кишвар ниёз ба шахсияте дошт, ки дар ин гирдоби сиёсӣ тавонад онро наҷот диҳад. Аз миёни якчанд номзад Қаҳҳор Маҳкамов – сиёсатмадори шинохта, Раиси Шӯрои Вазирон ба ҳайси котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон пазируфта шуд.
Қаҳҳор Маҳкамов – марди ботинан ором, суханонаш мураттаб ва соҳиби зеҳни муҳандисӣ вориди саҳнаи сиёсат шуд. Ӯ боандеша гап мезад, суханашро баркашида мегуфт. Дар расонаҳо ва ҷаласаҳо мардум аз забони раҳбари аввали худ суханони тоза мешуниданд: “Ислоҳот бояд аз худи мо шуруъ шавад”, “Коргар бояд розӣ бошад, вале на бо шиор”.
Интихоби Қаҳҳор Маҳкамов оғози як марҳилаи нав буд. Давлатдории тоҷикон, ки солҳои зиёд зери тобеияти идеологияи умумииттифоқӣ қарор дошт, акнун кӯшиши як навъ «фаҳмиши миллӣ»-ро ба бор овардан мекард. Албатта, эҳтиёткорона, бо нигоҳ ба Маскав.
Қаҳҳор Маҳкамов аз рӯзҳои аввал кӯшид, ки нисбати таҳаввулот дар марказ муносибати воқеъбинона дошта бошад. Ӯ на ҷанги сиёсӣ кард, на шӯру валвала барангехт, балки роҳи ислоҳоти сабуронаро пеш гирифт. Ва маҳз ҳамин хислат ӯро дар назарҳо шахсияти боэътимод ва муассир намуд.
ОҒОЗИ “НАВ”
Соли 1986. Душанбе. Баъд аз тағйироти пайдарпайи кадрӣ дар Москва ва дар мақоми котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кардани Қаҳҳор Маҳкамов, паси дарҳои баста як қарори дигар гирифта шуд: Маскав ба Душанбе шахси боэътимоди Кремл Пётр Кириллович Лучинскиро ба сифати котиби 2-юми КМ ҲК Тоҷикистон фиристод. Ӯ на тоҷик буд, на аз минтақаҳои наздик ба Осиёи Марказӣ, балки як кадри тарбиятёфтаи низоми ҳизбии Молдавия буд. Пеш аз ин ӯ дар Комитети марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шуравӣ ҷонишини мудири шуъба буд. Кремл ба ӯ бовар дошт. Ба вижа Михаил Горбачёв, ки дар суҳбати пеш аз сафар ба ӯ гуфта буд: “Пётр Кириллович, туро ба ҷануб, ба Тоҷикистон сафарбар мекунем. Осиёи Марказӣ минтақаи калидӣ барои мост, дар он ҷо бояд низоми ҳизбӣ мустаҳкам бошад, ҳарчанд замона дигар шуда бошад ҳам. Ту мефаҳмӣ, ки мардум чӣ мехоҳанд ва медонӣ, ки Маскав чӣ мехоҳад”.
Дар фурудгоҳи Душанбе ӯро соҳибмақомони баландпоя пешвоз гирифтанд. Миёни онҳо вазири амният Петкел Владимир Викторович, Прокурори генералӣ Герман Михалёв низ буданд. Ин ду бо Пётр Кириллович баъдтар сегонаеро ташкил медиҳанд, ки сарнавишти кадрҳо ва ҷумҳуриро ҳал мекарданд.
Дар Душанбе Пётр Кирилловичро ҳамчун “Кремли нав” мешинохтанд. Вале аллакай дар ҳафтаҳои аввали кораш нишон дод, ки дар тасмимгириаш қотеъ аст ва ҳеҷ монеае ӯро аз роҳаш боздошта наметавонад.
МАВҚЕИ “КОТИБИ ДУЮМ”
Баъди таъйини Пётр Кириллович Лучинский ба мақоми котиби дуюми КМ ҲК Тоҷикистон, дар зоҳир чунин метофт, ки ӯ як намояндаи миёнаҳолест барои ба роҳ мондани ҳамоҳангии сиёсати марказ бо сиёсати дохилии ҷумҳурӣ. Аммо дар асл, ин як нуқтаи гардиши куллӣ дар низоми кадрии Тоҷикистон буд.
Дар низоми Шуравӣ вазифаи “котиби дуюм” дар ҷумҳуриҳои Иттифоқ намояндагӣ аз Кремл буд. Котиби якум – шахсияти маъруф, роҳбари “қонунӣ”-и ҷумҳурӣ, қудрати сиёсӣ дошт, вале котиби дуюм – қудрати аслӣ, назоратгари сиёсати ҳизб, ҷобаҷогузори кадрҳо ва гӯшу чашму даҳони Маскав ба ҳисоб мерафт. Вай масъулияти назорат дар интихоби роҳбарони шаҳру навоҳӣ ва шуъбаҳои муҳими КМ, ислоҳи сиёсати кадрӣ тибқи дастури КМ ҲКИШ, таъмини ҳамоҳангии фаъолияти ҳама шуъбаҳо бо сиёсати умумии иттифоқ, назорати хомӯш аз болои котиби якумро дошт.
Аммо Пётр Лучинский ин принсипҳоро риоя накард. Ба ҷойи ҳамоҳангсозӣ ва мушовара бо роҳбарони маҳаллӣ, ӯ якбора даст ба иваз кардани кадрҳо зад – бе машварат, бе эҳтиром ба таҷриба ва собиқаи корӣ. Ин амали дар назари аввал ором, вале шикастдиҳандаи низоми мавҷуда ба як таҳаввулоти инқилобӣ оғоз бахшид.
Ба ҷои роҳбарони таҷрибадор кадрҳои ҷавони ношинос ва итоаткорро вазифа медод. Дар бисёр маврид, муносибати ӯ бештар зеҳнгароёна, вале дур аз воқеияти иҷтимоӣ буд. Вай бар ивази мӯй дар осиёби ҳизб сафедкардагон дастнишондаҳои худро таъин мекард. Ва бо ин иқдомаш фикр мекард, ки сиёсати Маскавро дуруст татбиқ мекунанд.
Дар асл, ӯ кадрҳоро на бо меъёрҳои касбӣ ё сиёсати умумии давлатӣ, балки бар пояи меъёрҳои хоси шахсии худ интихоб мекард – меъёрҳое, ки бештар реша дар амбитсияи шахсӣ, муносибатҳои инфиродӣ ва эҳтимолан манфиатҳои пинҳони гурӯҳӣ доштанд. Ба ҷои арзёбии воқеии донишу таҷриба, ӯ ба бовар ва писанди шахсӣ такя мекард. Чунин муносибат ба интихоби кадрҳо на танҳо боиси норизогӣ мегашт, балки бовар ба адолат ва шаффофияти низомро низ коста мекард.
Ба ҷойи афроди боистеъдод ва собиқадор, ки солҳо таҷриба андӯхта буданд, дар мақомҳо ашхосе меомаданд, ки танҳову танҳо ба қавле, “ба вай писанд омада буданд”.
Ин рафтор рӯҳияи кормандони варзидаи тоҷикро шикаст ва фазои нобовариву дурии байни ҳизб ва ҷомеа ба вуҷуд омад – фазои хатарнокро ба миён овард. Зеро афкори ҷомеа дар ҳоли бедорӣ буд – мардум тағйирот мехост, вале тағйироти адолатманд, на маҳви рӯшанфикрон.
Қаҳҳор Маҳкамов як роҳбари ботаҳаммул ва мулоҳизакор буд, вале шахсияти Пётр Лучинский низоми мавҷударо зери хатар қарор медод, роҳбарони маҳаллӣ, ки тайи солҳо собиқаи хуби корӣ доштанд, як-як барканор мешуданд.
Яке аз чеҳраҳои сиёсии ҳамон давр чунин баён кардааст: “Аз ҳама ғалат он буд, ки дигар ба қадри кадрҳои маҳаллӣ намерасиданд, касе ки 30 сол хизмат дошт, рӯзе бидуни пурсиш, бе гуноҳашро ба сараш бор кардан бо шахси аз сиёсату иқтисод бехабар иваз мешуд. Вақте шикоят мекардӣ, ба ту ҳамчун “хиёнаткор” муносибат мекарданд…”.
Пётр Лучинский бо зоҳири ором ва чеҳраи либералӣ, дар асл як мизоҷи Кремл буд, ки бо ҳар роҳ мехост сиёсати навро татбиқ кунад, ҳатто агар он боиси шикасти арзишҳо ва таҷрибаи маҳаллӣ мебуд. Ва ин сиёсат, ки аввал “интихоби нав” метофт, дертар ба як буҳрони амиқ дар эътимоди кадрӣ ва робитаи ҳизб бо мардум табдил ёфт.
Тоҷикистон вориди як давраи шикасти кадрӣ ва ҷудоӣ миёни ҳизб ва ҷомеа мешуд. Даврае, ки дигар таъинот маънои собиқаро надошт ва эътимод аз миён мерафт.
ПЁТР ЛУЧИНСКИЙ – ОҒОЗИ ҶУДОӢ
Кадрҳое, ки таъйин мешуданд, дигар кадрҳои ҷумҳурӣ не, “кадрҳои Кремл” буданд. Робита бо мардум, фарҳанг, ойини маҳал дигар арзиш надошт. Ҳамон лаҳзае, ки шахси ношинос, аз сиёсат бехабар ба курсии чеҳраҳои кордон нишаст, мардум дар дил мегуфтанд: “Мо дигар соҳиби ин хона нестем”.
Муродуллоҳ шабҳо таърихи ҳизбро варақ мезаду ба андеша мерафт: ин ҳама ба ҳизб иртиботе надорад. Ба берун менигарист ва торикӣ медид.
– Агар ин тавр идома ёбад,- гуфт ӯ ба худ, мо на танҳо ба сарнавишти ҳизб, балки ба сарнавишти миллат муқассир мешавем.
Лучинский на танҳо раҳбари бад, балки душмани ошкорои миллати тоҷик буд. Ӯ як шахси сиёсии ирсолшуда ба ҳисоб мерафт. Вай ором омад, вале оромӣ наовард. Ӯ дари дигареро кушод: дари шубҳа ба адолат, дари беэътимодӣ ба ҳизб, дари ҷудоии хомӯш миёни халқ ва роҳбарон.
ХОМӮШӢ МИЁНИ ДУ ҚУЛЛА
(Робитаи Лучинский ва Қаҳҳор Маҳкамов)
Сармо аз Душанбе рафта буд, аммо хунукӣ дар фазои идораи КМ боқӣ монд. Хусусан дар равобитаи кории ду роҳбар – Қаҳҳор Маҳкамов ва Пётр Лучинский. Ду қуллаи баланд – яке маҳаллӣ, дигаре омада, ҳамдигарро медиданд, мешуниданд, аммо риштаи пайванд миёнашон набуд.
Қаҳҳор Маҳкамов шахси таҳаммулгаро, боандеша ва соҳибидрок буд. Аммо ӯ сиёсатмадори мактаби муътадил ва эҳтиёткори тоҷикӣ буд. Вай хуб медонист, ки котиби дуюм намояндаи марказ аст ва ҳатто агар “дуюм” бошад ҳам, дасташ аз роҳбари аввал дарозтар аст.
Пётр Лучинский бошад… Ӯ ба ҳар чиз бо шубҳа менигарист. Хусусан ба кадрҳои маҳаллӣ.
Шерализода дертар, ҳангоми варақзании сафаҳоти хотироташ лаҳзаҳои нахустин мулоқот бо Пётр Кириллович Лучинскийро бо як эҳсоси баргашти талх ба ёд меорад. Ӯ менависад:
– Ҷаласаи шуъба буд. Пётр Кириллович низ иштирок дошт. Пас аз муҳокимаи як масъалаи кадрӣ, ногаҳон ба сардори шуъба – Лақим Қаюмов, ки зодаи вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон буд, рӯй оварда, бо овози хос ва оҳанги суоломез пурсид:
– Чаро ҳамаи онҳо аз як вилоятанд? Магар дар ҷумҳурӣ ҷойи дигар нест?
Савол, ки зоҳиран бепарвоёна ва ба сабки як мушоҳидаи бетараф гуфта шуд, дар асл холӣ аз мантиқ буд. Дар шуъба, ба гуфтаи Шерализода, ҳеҷ нафаре аз вилояти Сурхондарё, ба ҷуз роҳбари он, фаъолият намекард. Аммо ин изҳор танҳо як ишораи рӯйпӯшшуда набуд, он бозтоби дидгоҳи пӯшидаи Лучинский нисбати кадрҳои маҳаллӣ буд. Он нидои нобоварӣ буд, ки аз паси суханони зоҳиран оддӣ решаҳои амиқи сиёсиву фарҳангӣ дошт.
Ин гуна муносибат, ки аз рӯзҳои аввал эҳсос мешуд, бо гузашти вақт ба як тарзи кор ва муносибати муназзам табдил ёфт. Лучинский на танҳо ба кадрҳои маҳаллӣ бо шубҳа менигарист, балки онҳоро ҳамчун неруи хатарзо ва номуътамад тасаввур мекард. Ва ҳамин шубҳа, ҳамин беэътимодӣ дертар ба як ҷудоии рӯҳонӣ байни роҳбарияти сиёсӣ ва элитаи фикрии ҷумҳурӣ сабаб шуд.
Дар ҷаласае Қаҳҳор Маҳкамов номзадии кадри маҳаллиро ба курсии роҳбарӣ пешниҳод кард. Лучинский на мухолифат кард ва на мувофиқат, танҳо гуфт:
– Ба назар мегирем.
Пешниҳод як ҳафта баъд ба Комитети марказӣ баргашт, вале бо таҳрири кулл. Номи номзади Қаҳҳор Маҳкамов дар он набуд, ба ҷояш нафаре аз рӯйхати “марказ” буд. Ҳамин буд оғози ҷудоӣ миёни “ҳизби ҷумҳуриявӣ” ва “ҳизби марказӣ”.
(Давом дорад)
Шариф Ҳамдампур
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube