САНОИ ИСТИҚЛОЛ
Ҳумоюн бод истиқлоли тоҷик,
Дили аз фахр моломоли тоҷик.
Паёми сабз орад кафтари ишқ,
Ба гӯши миллати хушфоли тоҷик.
Ҷаҳони тоҷикон шуд ранг дар ранг,
Хуҷаста мешавад иқболи тоҷик.
Тулӯи тозааш омад дубора,
Зи баъди Оли Сомон, Оли тоҷик.
Раҳи фардои миллат гашт пурнур,
Зи файзи хандаи атфоли тоҷик.
Ватандоро! Ватанро дӯст медор,
Ватандорӣ бувад омоли тоҷик.
Ба Ҷоми Ҷам биёвар бодаи меҳр,
Ки дар ваҳдат бувад иқболи тоҷик.
Куҳансолу куҳанаҷдоди даҳрем,
Набошад миллате амсоли тоҷик.
Ҷаҳон донад, ки аз рӯзи азал буд
Самарқанду Бухоро моли тоҷик,
Ба сар бояд давидан, эй азизон,
Ба побӯсии истиқлоли тоҷик.
ШАҲРИЯ
Биё, эй ҳамватан, бо ҳам сароем,
Ки соҳибхони ин ширинсароем!
Дари майхона боз аз роҳи дилҳост,
Дари дилро кушоему дароем!
Чу нури чашмҳо, аз роҳи дида,
Барои пурсиши якдигар оем.
Ватан моро чу модар парварида,
Даме бар пойбӯси модар оем!
Зи имони падар парчам бисозем,
Ки бо чархи фалак сар бо сар оем.
Ҳадиси кӯҳу дарёро бихонем,
Чу хуршеду маҳи майҳан бароем!
Чаро унвонтарошиву ҷудоӣ,
Агар бо ҳам наем, аз ҳам чароем?!
Ҳадиси оҷизон душмангароист,
Ба номи дӯст, мо бо ҳам гароем!
ОЗАРАХШ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube