Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як фармон чаҳор додрасро аз вазифа озод кардааст. Сабаби барканории ду нафари онҳо “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” гуфта мешавад.
Тибқи фармони раисҷумҳур Холматзода Сафаралӣ Қурбон ва Қодирзода Ҳасан Нурулло аз вазифаи додраси Додгоҳи вилояти Хатлон ва Муҳидинзода Сайфидин Салоҳ аз вазифаи муовини аввали раиси Додгоҳи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо сабаби расидан ба синни ниҳоии ишғоли вазифаи додрас озод карда шудаанд.
Аммо ду нафари дигар — Садриддинзода Насрулло ва Қодирзода Зафар Абдураҳим мутаносибан аз вазифаҳои раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд,
додраси Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”, барканор шудаанд.
Тибқи иттилоъи Радиои Озодӣ, Садриддинзода ба гирифтани 23 ҳазор сомонӣ (ду ҳазор доллар) ришва гумонбар буда, алайҳи ӯ бар асоси моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ (гирифтани ришва) парванда боз шудааст.
Тибқи иттилоъи манбаъ Насрулло Садриддинзода аз сӯйи маъмурони Оҷонси зидди фасод дар Суғд дастгир шуд, феълан дар боздоштгоҳи муваққатӣ аст.
Насрулло Садриддинзода дар моҳи феврали соли 2020 ба вазифаи раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин шуда буд.
Зафар Қодирзода қаблан дар шаҳри Душанбе боздошт ва Додистони кулли Тоҷикистон нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз карда буд.
Ӯ низ ба гирифтани ришва ва қаллобӣ айбдор мешавад ва “бархе ҷиноятҳоро ӯ дар замони кораш дар шаҳри Ваҳдат ва бархеи дигарро дар ВМКБ содир кардааст”.
Зафар Қодирзода моҳи декабри соли 2022 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаи додраси Додгоҳи шаҳри Ваҳдат озод ва ба вазифаи додраси Додгоҳи ВМКБ таъин шуда буд.