Рубрики Pressa

Ниагара бо рангҳои Парчами Тоҷикистон


Шаби 9-уми сентябр, ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ, шаршараи машҳури Ниагара бо рангҳои сурх, сафед ва сабз – рамзи Парчами миллии мо нурафшонӣ шуд.

Ҳамзамон, маросими оташбозии ҷашнӣ баргузор гардид, ки фазои идонаро боз ҳам зеботар сохт. Ин иқдом рамзи эҳтироми ҷомеаи байналмилалӣ ба Истиқлоли Тоҷикистон ва ваҳдати миллии тоҷикон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки солҳои 2023 ва 2024 низ ба муносибати Истиқлоли давлатӣ шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯзон гардида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *