Рубрики Хабарҳо

АНАС ИБНИ МОЛИК

Абӯ Ҳамза Анас Ибни Молик ал-Ҳазраҷӣ  соли 612 дар шаҳри Мадинаи Арабистон ба дунё омада, соли 712 дар Басра ҷон ба Ҳақ супоридааст. Саҳобаи паёмбар саллалоҳу алайҳи васаллам муҳаддиси машҳури аҳодис аз қавми Ҳазраҷ аст. Модари Анас Умми Сулайма барвақт ислом пазируфт ва аз ин сабаб  ҳам миёни волидайнаш нофаҳмие сар зад. Падараш якмаром мехост, то Умм Сулайма аз ин ақида бозгардад. Баъди муддате падараш ба Шом сафар кард, дер вақт барнагашт ва бемор омад ва чанде пас аз олам гузашт. Баъди марги шавҳар Умм Сулайма бо Абӯ Талҳа издивоҷ кард.  

Вақте модар Анасро ба хидмати Паёмбар саллалоҳу алайҳи васаллам гузошт, ҳамагӣ 10 сол дошт.  Он ҳазрат дуруд бар равонашон, ниёз ба хидматгоре надоштанд, аммо ба хотири наранҷонидани Умми Сулайма Анасро қабул карданд ва нисбаташ ҳамчун бо фарзанди хеш дар муносибат буданд. Анас дар канори муҳаббати паёмбар саллалоҳу алайҳи васаллам аз асосҳои имон бархӯрдор гардид.    

Анас дар набардҳои аввалини мусалмонон ширкат надошт, зеро ҳанӯз хеле кӯчак буд. Дар ҷанги Бадр ба ҷанговарон берун аз майдон хидмат мекард. Расидан пас ба синни балоғат дар набарди Ҳайбар ва Ҳунайна тавонист иштирок кунад. Илова бар ин ӯ дар иҳғоли Макка ва муҳосираи Тойиф низ дар майдон буд.  Дар давоми ҳукумати халифа Абӯбакр Анасро барои ҷамъоварии закот аз шаҳрвандони Баҳрайн фиристода буданд. Баъди марги халифа Анас ба Мадина баргашт. Дар ин муддат машғули илми фиқҳ ва ҷамъоварии аҳодис буд ва ин иқдомро то дами маргаш идома дод. Бо гузашти фурсате дигар Анас ибни Молик ба Басра кӯч баст ва мардуми он минтақаро асосҳои  фиқҳу ақидаи исломӣ меомӯхт. Дар давоми хилофати халифаи сеюм Усмон низ Анас фаъолияти мударрисии худро идома дод. Ҳангоми задухӯрдҳои шаҳрвандӣ ҳамеша мухолифи тундгароён буд ва ҳаргиз ҳаросе аз гурӯҳи истибдодгар надошт ва озодона мубориза ҳам мебурд.

Миёни шогирдони Анас ибни Молик имомони машҳуре чун Ҳасани Басрӣ, Сулаймон Тамрӣ, Катода ибн Диама, Муҳаммад ибн Сирин, Саид ибни Ҷубайр ва дигарон низ ба камол расиданд. Анас ибни Молик соли 709, ё дар баъзе маъхазҳои таърихӣ 712 дунёи фониро тарк гуфт.

Ҳикояте  аз зиндагиномаи Анас ибни Молик

Ҳар боре, ки Анас ибни Молик  забти шаҳри Шуштари форсҳоро ба хотир меовард, мегирист. Шаҳри Шуштар яке аз қадимтарин ва ободтарин минтақаи форснишине буд, ки бо қалъаву манорҳои баланду  назаррабояш хеле машҳур буд даврашро бо деворқалъа мухосара карда, онтарафтар аз девор гирдогирди шаҳр ҷӯйборе кофта буданд, ки хеле сероб буд ва ин ҳолат барои нафароне, ки барои иҳотаи шаҳр ҳуҷум мекарданд, монеа ҳам эҷод мекард. Мавқеи ҷойгиршавии ин шаҳр ҳам дар баландӣ ва доштани чунин кишвар барои форсҳо обрӯймандӣ ҳам буд.  Новобаста ба ин ҳама шаҳомату мустаҳкамӣ лашкари мусалмонони давраи хилофати Умар тавонистанд шаҳри Шуштарро иҳота ва забт кунанд. Аммо чӣ сабаб буд, ки Анас ибни Молик ҳар боре ҳодисаи ғолиб омадашонро ба хотир оварда мегирист?

Артиши бузурги аз ҷониби Куфа, Басра ва Аҳваз сар кашида ба як ҷониб раҳсипор буданд, шаҳри Шуштар, барои набард бо форсҳо. Ин артиши иборат аз 30 ҳазор нафар муҷоҳидон бар муқобили 150  ҳазор нафар рақиб бархоста буданд. Ҳуҷуми нимашабони арабҳоро дар шаҳри Шуштар касе чашмдор набуд. Набарди хунину даҳшатноке сар зад. Билохира мусалмонон ғолиб омаданд, ки вақт наздики тулӯи офтоб буд ва намози фаҷр қазо гардида  Муҷоҳидони ғолибомада намози фаҷрро баъди баромадани офтоб адо намуданд. Анас Ибни Молик дар он лаҳзаҳо хеле гириста буд, ки бори аввал намози фаҷрро бевақт гузошт. Мардум таскинаш доданд, ки бесабаб набуд, зеро мо дар роҳи ҷиҳод будему ғолиб омадем ва шаҳре аз бузургтарин шаҳрҳои мардуми форс акнун бархӯрдори ислом хоҳад буд. Аммо Анас ҷавоб дод: “Агар тамоми дунёро забт карда ба ман бахшанд ҳам, ба қазо кардану баъди тулӯъ хондани намози бомдод намеарзад”.

Яъне саҳобагони киром он қадар дар эътибору эҳтироми муқаддасоти имону ислом қоил буданд, ки лаззати дунёву дороияшро пеши лаззоти ибодат ва подоши он ҳеҷ медонистанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *