“Ман духтари Тоҷикистонам, духтари Душанбе ҳастам. Ин ҷо зода шудам, бори аввал дар ин ҷо ба саҳна баромадам, бори аввал рақсидам, давраҳои тиллоии умрам, бачагиву ҷавониам дар Душанбе сипарӣ шуд. Аз ин ифтихор мекунам!”,- мегӯяд устоди рақси миллии тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шуравӣ Малика Қаландарова.
Падидаи ҳунар
Ӯ дар таърихи ҳунари тоҷик падидаи нодир (феномен) аст. Дар 22-солагӣ унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, дар 26-солагӣ унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дар 34-солагӣ унвони
Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шуравӣ ва баъдан барандан Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ…
Вале алоқамандони ҳунар Малика Қаландароваро на барои унвонҳояш, балки барои ҳунари нотакрораш дӯст медоранд, ба он хотир, ки ӯ ба воситаи рақс зебоиҳои зиндагӣ, сарнавишти инсонро бо шодиву нишот ва ғаму андуҳ инъикос мекунад. Дар рақси ӯ инсонҳо орзуву ормонҳои хешро мебинанд…
Хумори ёру диёр
Ҳамин муҳаббат аст, ки мухлисони Малика Қаландароваро шоми 6-уми сентябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ҷамъ овард, ба шоми эҷодии ин ҳунарманди нотакрор, ба маҳфили “Хумори ёру диёр”. Ин шоми пуршукӯҳ бахшида шуда буд ба 75-солагии мавлуди устоди рақс Малика Қаландарова ва онро гуруҳи расонаҳои “Ориёно Медиа” (Радиои Имрӯз) ташкил карда буд.
Дар ин шоми эҷодӣ Малика Қаландарова панҷ бор либоси рақсиашро иваз кард ва таҳти сурудҳои сарояндагони маъруф Афзалшо Шодиев, Мастона Эргашова, Сурайё Қосимова, Шабнами Сурайё, Сабоҳат Наҷмиддинова, Ҷовидон Нозимов ва Лоиқи Давлатманд дар саҳна рақсид. Ансамблҳои рақсии “Лола” ва “Зебо” низ дар ин ҷашни ҳунарӣ ширкат варзиданд. Тамара Катаева, сарояндаи номдори ансамбли эстрадии “Гулшан” низ аз Амрико меҳмони вижаи ин маҳфил буд. Обид Назариён, муовини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон номаи вазири фарҳангро қироат кард.
Он чӣ дар ин маҳфил ҳамагонро ба ҳайрат овард, рақсҳои ҷаззоби Малика Қаландарова буд. Ӯ дар 75-солагӣ ҳамоно бо рақсҳои пуршӯраш ҳамагонро ба ҳайрат меовард.
Аз суҳбати Малика Қаландарова:
Бисёриҳо бо ҳайрат аз ман мепурсанд, ки чаро тағйир наёфтааму рақсҳоям ҳанӯз зебову пурҳаракатанд? Дар посух ҳамеша мегӯям, ки дили ман, рӯҳи ман ҷавон аст. Бале, рост аст, ки вақт ба одам таъсир мегузорад. Пештар кор зиёд буд, консертҳои боҳашаммат мегузаронидем, инчунин сафарҳои ҳунарӣ кори зиёд талаб мекарданд. Масалан, се моҳ дар Ҷопону Фаронсаву Амрико, ду моҳу як моҳ дар Ҳиндустону Покистону Эрону Афғонистон ва дигар мамлакатҳо сафар мекардем. Аз ин рӯ маҷбур будам, ки аз ҳар гуна ғизо парҳез кунам. Вақте ба Ню-Йорк кӯчидем, ба хулосае омадам, ки дигар парҳез накунам. Аммо чанде пеш ба оина нигоҳ кардаму гуфтам: О ту ба кӣ монанд шудӣ, Малика? Худатро ба даст гир! Акнун қариб як сол мешавад, ки ҷиддӣ ба рақс машғулам. Вазни зиёдатиро партофтам…
Духтари сартарош
Ному насаби аслии Малика Қаландарова – Мазол Яшуваевна Калантарова аст. Ӯ 2-юми сентябри соли 1950 дар оилаи як сартароши оддӣ ба дунё омадааст. Ягон нафар аз аҳли хонаводааш ба санъат иртибот надоштанд. Вале ӯ аз кӯдакӣ ба рақсидан шавқ дошт ва нахуст аҳли хонаводаву пайвандон ва баъдан дар мактаб, хонаи маданият ва студияи кӯдаконаи Театри Маяковский рақсҳои ӯро тамошо кардаву барояш каф кӯфтанд.
Аз суҳбат бо Малика Қаландарова:
Соли 1965 ансамбли давлатии «Лола» таъсис ёфт ва устоди рақс Ғаффор Валаматзода роҳбари он таъйин гардиданд. Дар рӯзнома хондам, ки барои ин дастаи ҳунарӣ духтаронро интихоб мекунанд. Ман аз лагери пионерӣ баргашта, ҳатто иҷозати падару модарро нагирифта, ба Театри Сабз шитофтам. Либосҳои оддии хонагӣ доштам ва дар байни духтарони ороёфта ва қоматбаланду хушлибос касе ба ман диққат намедод. Духтарон бо навбат дар назди Валаматзода ҳунари худро нишон медоданд. Дар охир ман гуфтам: «Ман ҳам рақсидан мехоҳам!”. Ӯ бо шубҳа ба ман нигоҳ карда, пурсид: “Чанд сол дорӣ?”. «Ҳоло 14, моҳи сентябр 15-сола мешавам». “Шумо ҳоло хурд ҳастед, калонтар шавед, меоед”,- гуфтанд Валаматзода. “Не, ман интизор шуда наметавонам”,- гуфтам ман ва аз навозанда хоҳиш кардам, ки оҳанги «Фарғонагӣ»-ро навозанд ва худ шуруъ ба рақс кардам. Ҳамин тавр, раққосаи ансамбли рақсии “Лола” шудам.
Бо сабаби машқҳои пай дар пай, Малика аз мактаби миёнаи №3 ба мактаби шабона гузашт. Вақте сафари ҳунарӣ оғоз шуд, маҷбур шуд мустақилона таҳсил кунад. Ӯ бо ансамбл тамоми Иттиҳоди Шуравиро гашт. Баъдтар, ӯ дар саҳнаҳои бузурги Белгия, Ҷопон, Афғонистон, ИМА, Испания, Туркия ва Ҳинд ва дигар кишварҳо ҳунарнамоӣ ва рақси тоҷикиро муаррифӣ кард.
“Шодиёна”
Соли 1979 хорреографи машҳури Шуравӣ Игор Моисеев аз Малика Қаландарова хоҳиш кард, ки ягон асари рақсиро ба саҳна гузорад. Малика рад кард, зеро ӯ намехост, ки мустақил аз устодаш Ғаффор Валаматзода коре анҷом диҳад. Вале Моисеев, ки шефтаи ҳунари Малика Қаландарова буд ва ӯро “Муъҷизаи Шарқ” меномид, аз тақозои хеш даст накашид ва ба Кумитаи марказии ҲК Тоҷикистон нома навишта, Маликаро “барои таҳияи рақси миллии шарқӣ” ба Москва даъват кард. Ӯро ба Москва фиристоданд. Малика бошад, рақси машҳури «Шодиёна»-ро ба саҳна гузошт. Ӯ барои ин асар худаш пироҳан дӯхт. (Малика аксари либосҳои саҳнавиашро худаш медӯхт. Барои омода кардани як либос аз 5 моҳ то 1 сол вақт сарф мекард). Игор Моисеев ин рақсро «инқилоб дар рақси Шарқ» арзёбӣ намуд ва Маликаро ба гурӯҳи хеш шомил карда, ба сафари ҳунарӣ ба Амрико бурд. Ӯ давоми се моҳ дар 20 штати Амрико ин рақсро иҷро кард.
Дар шоми эҷодии Малика Қаландарова ин рақсро бо маҳорати баланд раққосаи ҷавони тоҷик Миҷгона Фатҳуллоева иҷро кард. Устоди ҳунар раққосаи ҷавонро васф кард ва тавсия дод, ки ҳангоми паридан зонуҳояшро эҳтиёт кунад. “Игор Моисеев ҳамеша ба ман мегуфт, ки зонуҳоятро эҳтиёт кун, ки дар пирӣ пойдард нашавӣ”,- гуфт Малика Қаландарова.
Аз суҳбат бо Малика Қаландарова:
Санъати рақс бе қурбонӣ намешавад. Чандин бор афтодаву лат хӯрдаам. Яке аз он лаҳзаҳоро ба ёд меорам. Соли 1973 дар Варзоб яке аз рақсҳои маро барои телевизион сабт мекарданд. Ҳангоми наворбардорӣ пешпо хӯрда афтодам. Наворбардориро қатъ кардан мумкин набуд. Ба наздиктарин бунгоҳи тиббӣ рафта, поямро баста, сӯзандору гузаронидам. Он навор ҳоло ҳам ҳаст ва тариқи телевизион нишон дода мешавад. Шавҳарам Илёс Гулкоров доира менавозад, ман бошам, бо камзӯли тунук ва мӯйҳои майдабофам ба ин тарафу он тараф бо ишваву ноз нигоҳ карда мерақсам. Он ҷо касе пай намебарад, ки аз зери шимам хун мешорад ва дарди ҷонкоҳ маро озор медиҳад. Муҳим, рақс олӣ баромад. Вақте ин наворро аз телевизион намоиш медоданд, ман ҳамеша он лаҳзаро ба ёд меовардам.
Тарки Ватан
Малика Қаландарова мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ дар фикри тарки Ватан набуд. Вале ҳаводиси ба ҳама маълуми солҳои 90-ум ӯро водор кард, ки бо хонавода тарки Ватан кунад. Ӯ ба Амрико ҳиҷрат кард, вале мегӯяд, ки чанд сол интизор шуд, ки ба Душанбе бармегардад.
Аз суҳбат бо Малика Қаландарова:
Ман дар Тоҷикистон азият надидаам. Ҳатто дар солҳои 90-ум. Як бор ба хонаам мардони мусаллаҳ зада даромаданд. Вақте дар деворҳо портретҳои маро диданд, пурсиданд, ки магар мухлиси Малика Қаландарова ҳастам? Чун ман дар зиндагӣ бо образам фарқ мекунам, аз ҳамин сабаб маро нашинохтанд. Гуфтам, ки он портретҳо аз они мананд, бовар накарданд ва талаб карданд, ки исбот кунам. Ман маҷбур шудам, ки дар назди онҳо рақс кунам. Танҳо баъд бовар карданд ва баромада рафтанд… Муҳим, ки ба хотири ҳунарам ба ман ва хонаводаам зарар нарасониданд.
Мактаби Малика Қаландарова
Ҳоло Малика Калантарова бо оилааш дар ноҳияи Куинси шаҳри Ню-Йорк зиндагӣ мекунад. Шавҳараш арбоби ҳунари Тоҷикистон, дойранавози машҳур Илёс Гулкоров ва фарзандону набераҳо дар паҳлуяш ҳастанд. Дар ИМА ӯ сахтиҳои зиёдеро аз сар гузаронид. Ҳатто маҷбур буд, ки зарф фурӯшад, вале ҳеҷ гоҳ аз ҳунар даст накашид. Дар ҳамон даврони душвор ҳам дар фикри рақс буд ва дере нагузашта “Malika Dance School” – “Мактаби рақси Малика”-ро ташкил кард, ки то имрӯз дар Ню-Йорк фаъол аст.
Аз суҳбат бо Малика Қаландарова:
Соли 1993 вақте ба Амрико омадам, ҳамон сол дар манзили худ студияи хурди рақсӣ кушодам. Назди ман аслан кӯдаконе меомаданд, ки маро хеле хуб медонистанд, замоне дар Душанбе, Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Маскав зиндагӣ мекарданд. Дар умум ба кӯдакони зиёде дарс медодам. Соҳиби бино вақте огоҳ шуд, иҷозат надод, ки ман дарсҳоро идома диҳам. Билохира тавонистам дили ӯро ёбам. Дар ниҳоят баъд аз 10 сол ҷойи калону барҳаво пайдо намудам ва “Мактаби рақси Малика” ба он ҷо кӯч баст. Дар муддати кӯтоҳ ин мактаб шуҳрати зиёде ба худ касб кард. Ин ҷо ғайр аз ман боз муаллимони дигар ҳам буданд, ки рақсҳои Амрикои лотинӣ, аврупоӣ, балет ва дигар намуди рақсҳоро меомӯзонданд. Ман асосан бо рақсҳои тоҷикӣ (бухороӣ), ӯзбекӣ, ҳиндӣ, эронӣ, афғонӣ ва туркӣ кор мекардам. Кӯдакон асосан ба гурӯҳҳои ман меомаданд. Дар бинои нав каму беш 20 сол кор кардам ва баъд соли 2020 ин мактабро ба шогирди бисёр хубу боистеъдодам Сандра Гадоева супоридам. Ҳоло чун меҳмони фахрӣ меравам ва раванди корҳоро назорат мекунам. Ҳама чиз хуб аст, аммо рақсҳои шарқӣ, махсусан рақсҳои осиёимиёнагӣ бисёр кам шудаанд. Чун сабаб пурсидам, гуфтанд, ки кӯдакон рақсҳои замонавӣ, яъне модернро бештар меписанданд. Аз ин рӯ рақсҳои амрикоиву аврупоӣ зиёданд. Ман норозигиямро баён кардам ва гуфтам, ки дар “Мактаби рақси Малика” ҳатман бояд рақсҳо миллӣ бошанд. Дар натиҷаи эроди ман гурӯҳҳои рақсҳои миллӣ барқарор шуданд.
Ёди Ватан
Малика Қаландарова мегӯяд, ки давоми муҳоҷират ҳеҷ гоҳ аз ёди Ватан дур набуд ва ҳамеша, дар ҳама ҷо худро ҳунарманди тоҷик муаррифӣ мекард ва мекунад. Дар тӯли солҳои муҳоҷират Малика Калантарова чор маротиба ба Тоҷикистон омад.
Аз суҳбат бо Малика Қаландарова:
Ифтихори бузурги ман дар зиндагӣ ин аст, ки мардуми тоҷик маро фаромӯш накардааст. Имрӯзҳо вақте дар хиёбонҳо қадам мезанам, маро мешиносанд, ҳатто ҷавонҳо омада бо ман акс мегиранд. Як шаб барои харидани дору аз меҳмонхона ба дорухона рафтам. Ҳайратзада шудам, вақте гурӯҳи писарбачагони 10-12-сола маро дар кӯча дида, нидо карданд: «Бинед, ин Малика Қаландарова аст!». Ман пурсидам, ки аз куҷо маро мешиносанд, зеро се даҳсола гузашт ва насли ҷавоне, ки баъди рафтани ман ба дунё омадааст, эҳтимол маро нашиносанд. Онҳо гуфтанд, ки маро аз телевизион мешиносанд, ки рақси маро нишон медоданд. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, ки вақте хоҳарчаҳояшон дар хона «консерт» нишон медиҳанд, модарон, аз шодӣ мегӯянд: «Э, ту Малика Қаландарова шудӣ!”. Ман ифтихор мекунам, ки халқи азизам маро фаромӯш накардааст…
Одил НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube