Рубрики Хабарҳо

Нақшаи «облава» 40 дарсад иҷро шудааст

Вазорати дифои Тоҷикистон иддао кард дар 10 рӯзи аввали маъракаи даъват ба артиш, нақшаи ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ 40 дарсад иҷро шудааст. Вазорат дар ҳоле маъракаро “даъват ба артиш” меномад, ки бинобар ҳолатҳои зиёди рабудани ҷавонон аз ҷониби комиссариатҳои ҳарбӣ, мардум онро “маъракаи сарбозшикор” ё “маъракаи облава” меноманд. 

Тибқи додаи Вазорати дифоъ, шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар рӯзи аввали даъвати ҳарбӣ нақшаро саддарсад иҷро кардаанд.

Дар ин даҳ рӯз ҳамчунин, ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Сангвору шаҳри Ваҳдат маъракаи ҷалби ҷавонон ба сафи артишро ба анҷом расонидаанд. Нақшаи даъват ба артиш дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 57 дарсад иҷро шудааст.

Вазорат гузориш дода, ки “давоми 10 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ иҷрои нақша дар вилояти Хатлон 34 фоизро ташкил дода, ноҳияи Вахш аз анҷоми даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш дод”.

Вилояти Суғд дар ин муддат нақшаи даъватро ба артиш 26 дарсад ва шаҳри Душанбе 30  дарсад иҷро кардаанд.

Мақомот мегӯянд сол то сол сафи ихтиёриён меафзояд, аммо марду ва коршиносон назари дигар дорнад. Ҳамасола, бо шуруъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд. Имсол низ чанд адад аз чунин наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст.

Коршиносон бепоя будани даъваои мақомот мабнӣ бар афзоиши сафи ихтиёриён бо ин асос мекунанд, ки камбуд ва ё ҳатто адами ихтиёриён ва фирори саросарии ҷавонони синни даъват ба хориҷ боис шудааст мақомот аз сафарбарсозии иҷбории донишҷӯён ва ҳатто хонандагони мактаб кор гиранд. Ҳарчанд инро ҳам “ихтиёрӣ” меноманд ва мегӯянд донишҷӯён ва хонандагони синфи охири мактабҳо ихтиёран имтиҳонҳоро пеш аз мӯҳлат месупоранд, то ба артиш бираванд.  

Бинобар шароити ғайриинсонӣ дар артиши Тоҷикистон, ҷавонон тарҷеҳ медиҳанд ҷавонии худро дар ғурбат ва мардикорӣ гузаронанд, аммо ба артиш нараванд. Бинобар ҳиҷрати саросарии ҷавонон ба хориҷ, чанд соли охир Вазорати дифоъ ба мушкили шадиди ҷалби сарбозон мувоҷеҳ шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *