Рубрики Хабарҳо

“Ислоҳ”: Собир Валиев боздошт шудааст

Пойгоҳи “Ислоҳ” бо истинод ба манобеъаш дар Тоҷикистон хабар дода, ки Собир Валиев, собиқ мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ваъдаи афв тарки мухолифат карда ба Тоҷикистон баргашта буд, боздошт шудааст. 

Манбаъ алайҳи Валиев тибқи моддаи маъруфи 307 парванда боз шуда ва ҳамроҳ бо ӯ 7 нафари дигар низ боздошт шудаанд. 

Собир Валиев дар собиқ аз мухолифон ва мунтақидони фаъоли ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон буд ва ҳатто ба раҳбарии яке аз гурӯҳҳои мухолиф дар хориҷ расид. Аммо аввали соли 2020 эълон кард ҳама парвандаҳо алайҳаш қатъ шудаанд ва ӯ ба Тоҷикистон бармегардад. 

Гуфта мешавад “афв”-и Валиев ва баргардонидани ӯ ба Тоҷикистон аз “дастовард”-ҳои Шоҳрух Саидзода, сардори раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Тоҷикистон ва аз дӯстони наздики писари раисҷумҳур ва раиси Маҷлиси Милливу шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ будааст.  

Бо баргаштан ба Тоҷикистон Собир Валиев аз тарафи мақомот дар маъракаҳои таблиғотӣ алайҳи мухолифон, бахусус Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Паймони миллии Тоҷикистон истифода шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *