Рубрики Pressa

Раиси шаҳри Панҷакент сайёҳи маҷрӯҳи русро аёдат кард


Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода сайёҳи маҷрӯҳ, шаҳрванди Русия Телитсин Антон Вениаминовичро дар беморхонаи марказии шаҳр аёдат намуд.

Ин сайёҳ, сокини шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловск, ҳангоми саёҳат дар мавзеи Чимтарға аз баландӣ афтода, ҷароҳатҳои ҷиддӣ бардошта, пояш шикаста буд.

Баъди рух додани ҳодиса, бо супориши мақомоти маҳаллӣ гурӯҳи зудамали наҷотдиҳӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, ӯро ба беморхона интиқол доданд.

“Ҳангоми аёдат, ҳамсару писари сайёҳи рус, ки барои дидорбинии ӯ омада буданд, аз ғамхории мақомоти шаҳр, табибон ва шароити муҳайёгардида барои табобат изҳори миннатдорӣ карданд”,-иттилоъ медиҳад мақомоти шаҳри Панҷакент.

Тибқи иттилои табибон, ҳоло саломатии Телитсин Антон қаноатбахш арзёбӣ мешавад ва ҷараёни табобат таҳти назорати доимии мутахассисон қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *