Рубрики Pressa

Дар РВКД Душанбе пешниҳоди маълумотномаи доғи судӣ оғоз шуд


Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе эълон кард, ки минбаъд дар худи ин ниҳод низ хизматрасонии пешниҳоди маълумотнома дар бораи доғи судӣ ба роҳ монда шудааст.

Ба иттилои Раёсати ВКД, сокинони пойтахт метавонанд аз рӯзҳои душанбе то шанбе, аз соати 08:00 то 16:00, барои дарёфти ин санад ба бинои РВКД дар Душанбе муроҷиат кунанд.

Қаблан шаҳрвандон танҳо тавассути воҳидҳои Маркази иттилоотии ВКД метавонистанд маълумотномаи доғи судӣ гиранд.

Маълумотнома дар бораи доғи судӣ яке аз санадҳои муҳими расмӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки ҳангоми қабули шахс ба кор ё таҳсил талаб карда мешавад. Дар он навишта мешавад, ки шахс дорои доғи судӣ ҳаст ё не.

Арзиши хидматрасонӣ чунин муқаррар шудааст:

– 30 сомонӣ  дар сурати додани маълумотнома дар муҳлати 10 рӯзи корӣ;

– 50 сомонӣ  дар муҳлати 7 рӯзи корӣ.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои дарёфти маълумотнома:

– нусхаи шиносномаи миллӣ ё хориҷӣ, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи тағйири ному насаб (ҳангоми мавҷуд будан) ва шаҳодатномаи таваллуд (барои ноболиғон);

– маълумотнома дар бораи гузаштан аз қайди давлатии дактилоскопӣ (ба истиснои ноболиғон ва шахсони таҳти васоят);

– расид (квитансия) дар бораи пардохти хидматрасонӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *