Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабарҳо дар бораи боздошти 40 дар сад аз маоши омӯзгоронро барои мубориза бо коронавирус рад кард.
Эҳсони Хушбахт, сухангӯи ин ниҳод навиштаҳои Аъзамжон Юнусов, як корбари фесбукро, ки навишта буд, 40 дар сад маоши омӯзгоронро барои мубориза бо КОВИД-19 бозмедоранд ва омӯзгорон аз 40 дар сад маоши худ маҳрум мегарданд, рад карда гуфт,
ҳеҷ дастуре нашудааст, ки маоши омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ барои мубориза бо КОВИД-19 равона шавад ё қисме аз он барои он кор боздошта шавад.
Эҳсони Хушбахт мегӯяд, омӯзгорон маоши худро пурра мегиранд ва ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накунанд.
Аммо, як омӯзгор дар тамос бо Радиои Паём тасдиқ кард, ки дар воқеъ қисме аз маоши онҳоро муҳосиб надодааст. Манбаъи мо нақл кард, ки ба гуфти муҳосиби мактаб тибқи фармони боло бояд барои масрафи мубориза бо паҳншавии коронавирус қисме аз маоши муаллимон боздошта шавад.
Сообщение ПАЁМ.net.