Сенати Ӯзбекистон қонунеро қабул кард, ки бар асоси он барои ҳар як китобе, ки маҳбус аз рӯйхати тасдиқшуда мехонад, муҳлати ҳабси ӯ 3 рӯз кам карда мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти сенат – палати болоии парлумони Ӯзбекистон хабар медиҳад.
30 рӯз дар як сол
Маҳкумшуда дар як сол метавонад ҳадди аксар то 30 рӯз муҳлати ҷазои худро кам кунад.
Китобҳое, ки зиндониён мехонанд, аз cӯи Маркази ҷумҳуриявии маънавиёт ва рӯшангарии Ӯзбекистон тасдиқ карда мешавад ва гуфта мешавад, ки онҳо дорои арзишҳои дурусти ахлоқӣ мебошанд. Мутолиаи ҳар китобро комиссияи махсус тасдиқ мекунад.
Ин навоварӣ ба маҳбусоне, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, дахл нахоҳад дошт. Таъкид шудааст, ки қонун ба зиёда аз 13 ҳазору 500 зиндонӣ, ки ҷазоро дар муассисаҳои ислоҳӣ адо мекунанд, татбиқ хоҳад шуд.
Вакилон гуфтаанд, ки қабули ин қонун тарбияи маҳкумшудаҳоро тақвият мебахшад, ба ташаккули эҳтиром ба анъанаҳо ва қонунҳои ҷомеа мусоидат мекунад ва ҳамчунин, ба пешгирии қонуншиканӣ ва коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ ёрӣ мерасонад.
Қонуни мазкур пас аз имзои раисҷумҳури Ӯзбекистон ба иҷро медарояд.
Таҷрибаи Бразилия
Қонуне, ки Ӯзбекистон қабул кард, нав нест. Қаблан дар Бразилия низ чунин қонун ҷорӣ шуда буд. Дар ин кишвар дар ивази хондани ҳар китоб зиндонӣ метавонад аз ҳукми зиндонаш 4 рӯз камтар кунад. Зиндониён дар Бразилия имкон доштанд, ки давоми сол 12 китобро мутолиа ва муҳдлати ҷазои хешро то 48 рӯз кам кунанд.
Авфи китобхонӣ
Таҷрибаи “авфи китобхонӣ” дар кишварҳои дигар низ будааст. Аз ҷумла:
ИМА
Дар баъзе штатҳо (масалан, Калифорния ва Ню-Йорк) барномаҳои «Books for Inmates» ва «Read to Succeed» амал мекунанд, ки маҳбусон барои иштирок дар барномаҳои таълимӣ ва адабӣ бонус мегиранд. Муҳлати зиндон бевосита барои китоб кам намешавад, вале иштироки фаъоли маҳбусон дар ин барномаҳо метавонад сабабгори раҳоии пеш аз муҳлати онҳо гардад.
Фаронса
Дар баъзе зиндонҳои Фаронса маҳбусоне, ки дар барномаҳои таълимӣ ва адабӣ иштирок мекунанд (ин барномаҳо мутолиа ва баррассии асарҳои бадеиро низ фаро мегиранд), метавонанд сабукии шароит ё имкони озодии шартиро дастрас кунанд.
Италия
Дар Италия маҳбусоне, ки дар лоиҳаҳои фарҳангӣ иштирок мекунанд ва фаъолона китоб мехонанд, метавонанд ба кам шудани муҳлати маҳбас умедвор шаванд.
Ҳиндустон
Дар баъзе зиндонҳо барномаҳои ташвиқи мутолиа ва таҳсил вуҷуд доранд. Маҳбусоне, ки курсҳои таълимиро бо муваффақият мегузаранд, ҷазояшон сабуктар мешавад.
Белгия ва Ҳолланд
Барномаҳои пилотӣ вуҷуд доранд, ки маҳбусон барои иштирок дар лоиҳаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ (аз ҷумла мутолиа) «рӯзҳои озодӣ» мегиранд, ки муҳлати маҳбасро кам мекунанд.
Таҷриба барои Тоҷикистон
Тибқи иттилое, ки дар даст дорем, дар ҳамаи зиндонҳои Тоҷикистон китобхона мавҷуд аст. Ҳамчунин, чанд сол аст, ки аз тарафи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва барномаҳои мухталиф барномаҳои “Китоб ба маҳбусон” роҳандозӣ мешавад, ки аз шаҳрвандон барои маҳбусон китобҳо ҷамъоварӣ мешаванд ва ба зиндонҳо интиқол меёбанд. Феълан барои Тоҷикистон низ татбиқи ин барнома фурсати хубе аст. Чун вақтҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон ба китобхон кардани мардум равона шудааст. Далели возеҳи он озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст ва ҳамасола ҳазорон нафар дар он ширкат мекунанд. Агар дар Тоҷикистон низ чунин қонун қабул шавад, барои тарбияи маҳбусон ва кам кардани муҳлати ҷазояшон саривақтӣ хоҳад буд.
Шумо чӣ назар доред?
Д. ҚОДИРПУР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube