Рубрики Pressa

Сӯхтор дар бинои нави Театри миллӣ


Дар бинои Театри миллии Тоҷикистон, ки сохтмонаш ҳанӯз ба охир нарасидааст, имрӯз сӯхтор ба амал омад. Мувофиқи маълумоти хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ сӯхтор дар анбори масолеҳи сохтмонӣ рух додааст.

“Сӯхтор соати 10:20 сар зада, ба ҷои ҳодиса фавран 4 мошини сӯхторнишонӣ сафарбар карда шуд. Дар соати 10:40 маҳали сӯхтор муайян карда шуда, соати 12:01 оташ пурра хомӯш карда шуд. Сабаби сар задани сӯхтор, шахсони масъул ва хисорот аз ҷониби мутахассисон муайян карда мешаванд”,- омадааст дар хабар.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *