Рубрики Pressa

Боздошти як зан дар Шоҳмансур барои фолбинӣ ва ҷаримаи 6 ҳазор сомонӣ


Нозирони минтақавии ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд Шокирова Зикаморо барои машғул шудан ба фолбинӣ дастгир намуданд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян карданд, ки номбурда дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар маҳаллаи Гулистон, бо истифода аз карта ба фолбинӣ машғул будааст.

Нисбати Шокирова З. протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 80 нишондиҳандаи ҳисоб, баробар ба 6 ҳазор сомонӣ таъин гардид.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъкид мекунанд, ки фолбинӣ амали ғайриқонунӣ мебошад. Шаҳрвандон бояд аз чунин амалҳо худдорӣ кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *