Рубрики Pressa

Вусъати ҳамкориҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Амонатбонк


Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои судманд ва рушди хизматрасониҳои молиявии муосир, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон – Амонатбонк” шартномаи нав ба имзо расониданд.

Шартномаи мазкур, ки бо номи «Дар бораи аз нав барасмият даровардани хизматрасониҳо ва ҳисоббаробаркуниҳои суратҳисоби бонкӣ бо пули миллӣ» номгузорӣ шудааст, рӯзи 15 сентябр аз ҷониби директори Агентӣ Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ ва раиси Амонатбонк Салимзода Алиҷон Абдуҷалол ба имзо расид.

Ин иқдом дар заминаи татбиқи сиёсати рақамикунонии хизматрасониҳо ва баланд бардоштани саводнокии молиявии нафақагирон роҳандозӣ гардида, як қатор имкониятҳои нав ва шароити қулайро барои онҳо фароҳам меорад.

Аз ҷумла, нафақагирон метавонанд аз хизматрасониҳои зерин бештар ва бо шароити ройгон истифода баранд:

  • пайвасти ройгони кортҳои бонкӣ ба SMS-паёмак барои огоҳӣ аз амалиётҳои молиявӣ ва қабули маблағҳо;
  • истифодаи барномаи «Амонатмобайл» барои пардохту назорати маблағҳо аз масофа;
  • хизматрасонӣ дар POS-терминалҳо (дорухонаҳо, марказҳои савдо, муассисаҳои давлатӣ ва ғайра) бидуни пардохти комиссия;
  • пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ ва давлатӣ (андозҳо, телефони мобилӣ, тавақуфгоҳ, интернет ва зиёда аз 200 намуди дигар) тариқи мобайл ё терминалҳо;
  • дастрасӣ ба гирифтани маблағҳои нақдӣ аз банкоматҳо ва POS-терминалҳои низоми “Корти миллӣ”;
  • қарзҳои истеъмолӣ ва овердрафтӣ бо шартҳои имтиёзнок барои нафақагирон;
  • гирифтани маблағ аз дохил ва хориҷи кишвар ба суратҳисоби корт;
  • пардохт бо QR-рамз  усули муосири пардохти ғайринақдӣ.

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва Амонатбонк бо дарки масъулияти иҷтимоӣ изҳор намуданд, ки минбаъд низ барои рушди инфрасохтори рақамӣ ва васеъ намудани дастрасии нафақагирон ба хизматрасониҳои молиявӣ чораҳои иловагӣ андешида хоҳанд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *