Таъмиру таҷдид аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, муносибат ба он хоса аст. Масъулиятшиносии кормандони филиали Ширкат дар робита ба ин масъала хеле баланд буда, баробари ба вуҷуд омадани вайроншавии кучактарин дар роҳи Душанбе – Чаноқ бетаъхир чораандешӣ мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки бо фаро расидан мавсими гармо таъмири ҷорӣ ва куллии роҳ шурӯъ шуда, ба ин марҳила омодагии кормандони IRS бениҳоят ҷиддӣ буд. Дар мавсими имсола доираи фаъолият хеле васеъ гардида, тибқи нақша дар 3 минтақа – Варзоб, Зарафшон ва Суғд масрафи зиёда аз 30 ҳазор тонна асфалт дар назар буд. Дар ин замина бояд зиёда аз 100 км роҳ таъмири ҷорӣ ва ва 32.65 км таъмири куллӣ мегардид. Чун ҳарвақта ин навбат низ масъулини IRS ба ваъдаи худ вафо карда, нақшаи пешбинишуда барзиёд иҷро гардид. Чунин умури фаъолиятро мухтасар камоли масъулиятшиносӣ метавон арзёбӣ кард.
Тавре масъулини IRS гуфтанд, дар минтақаи Варзоб зиёда аз 2 ҳазор тонна асфалт харҷ шуда, зиёда 3.2 км роҳ таъмири куллӣ шуд. Илова бар ин, дар минтақаи мазкур бо сарфи 572.03 тонна асфалт 4807 метри мураббаъ роҳ таъмири ҷорӣ гардид. Ҳамчунин, дар минтақаи Зарафшон 14.35 км роҳро таъмири куллӣ ва ин 6280 метри мурабаъ роҳро таъмири ҷорӣ шуда, бо ин мақсад зиёда аз 10 ҳазор тонна асфалт масраф гардид. Дар минтақаи Суғд низ кор тибқи талаботи мавҷуда роҳандозӣ шуда, бо харҷи қариб 18 ҳазор тонна асфалт 15.1 км роҳ таъмири куллӣ ва 16000 метри мурабаъ роҳ таъмири ҷорӣ шуд.
Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки таъмири куллӣ аз лиҳози моҳият ва хароҷот аз бунёди роҳ кам нест. Сарфи назар ин, роҳбарияти филиали Ширкат дар ин самт собитқадам мебошанд, ки далели бебаҳси масъулиятшиносӣ ва муносибати дуюмдараҷа надоштан ба иҷрои вазифаҳои тибқи шартномаи конссесионӣ ба зиммааш вогузоршуда маҳсуб мешавад.
Шоистаи зикр аст, ки ин таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе – Чаноқ соли 2012 оғоз гардида, ҳамон вақт 2000 тонна асфалт харҷ шуда буд. Минбаъд ин нишондиҳанда тамоюли афзоишро касб карда, соли 2013 ба 6000 тонна, 2014 – 10000 тонна , 2015 -15000 тонна, 2016 – 13575 тонна, 2017 – 51551 тонна, 2018 – 30864 тонна, 2019 – 49862 тонна, 2020 – 29377 тонна, 2021 – 55366 тонна, 2022 – 39916 тонна, 2023 – 25079 тонна ва соли 2024 ба 18408 тонна асфалт расид. Муҳимтар аз ҳама, барои таьмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, 10 корхонаи истеҳсоли масолеҳи барои нигоҳдории роҳ пешбинигардидаи марбут ба филиали Ширкат дар тавсеаи ин раванд саҳми бориз доранд.
Далели бебаҳс аст, ки аҳамияти роҳи автомобилгард барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва тиҷоратии мамлакат бениҳоят бузург аст. Танҳо ҳангоми мавҷуд будани низоми муосири нигоҳдории инфрасохтори роҳҳои автомобилгард, ҳар кишвари дунё имкон пайдо мекунад дар тамоми бахшҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Нигоҳдории босамари роҳҳои мошингард дар баробари бунёди онҳо ҷанбаи муҳим ба шумор меравад. Ин ҳақиқатро дар аксари давлатҳо аллакай эътироф карданд. Институтҳои молиявии бонуфузи ҷаҳонӣ, аз қабили Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд, Созмони Милали Муттаҳид, зимни пешбурди фаъолияташон ба нигоҳдории инфрасохтори роҳ аҳамияти хоса зоҳир мекунанд. Пажӯҳиши агентии «SANTRAL» собит намуд, ки пас аз се соли таъмиру барқарорсозии роҳи автомобилгард барои нигоҳ надоштани он дар сатҳи зарурӣ 5 маротиба бештар маблағ лозим меояд, баъд аз 5 сол бошад, барои таъмири он 18 маротиба зиёдтар маблағ зарур аст. Аз ин лиҳоз, корҳои амалишуда далели бебаҳси онанд, ки дар тамоми ҳолат кормандони филиали Ширкат уҳдадориҳои дар асоси шартномаи консессионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаашон вогузоршударо дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷой оварданд.
Эътироф бояд кард, ки пештар роҳи мавриди назар душворгузар маҳсуб мешуд. Мардум азобҳои дар роҳҳои пурпечутобу хатарноки Душанбе-Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд, махсусан ағбаи Анзоб кашидаашонро ҳеҷ вақт фаромӯш намекунанд. Мусофирону ронандагон ҳафтаҳо дар Майхӯра ё мавзеи «Ветерок»-и ноҳияи Айнӣ шабҳоро рӯз мекарданд. Аз сабаби зиёд будани теъдоди мусофирон ҳама тавассути тайёра ба шаҳри Хуҷанд рафта наметавонистанд. Ба шаҳри Панҷакенту ноҳияи Айнӣ дар фасли зимистон аз Душанбе ва Хуҷанд рафтуомад имконнопазир гардида, танҳо ба воситаи шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон имкони ба водии Зарафшон рафтан мавҷуд буд.
Аз ҷониби дигар, вазъи ногувори роҳ боиси он мегардид, ки ронандагон хароҷоти зиёдатӣ намоянд. Бинобар ҳолати ногувори роҳ мошинҳо, сарфи назар аз сабукрав ва ё боркаш будан, зуд – зуд вайрон шуда, боиси нороҳатӣ ва хароҷоти зиёдатӣ мегардиданд. Дар кишвар роҳе вуҷуд надорад, ки мисли роҳи Душанбе-Чаноқ иншооти зиёд дошта бошад. Дидани роҳ, пулҳои бузург, долонҳои зиддитармавӣ ҳатман касро водор месозад, ки биандешад. Биандешад ва мутмаин гардад, ки роҳсозӣ низ яке аз соҳаҳои санъат мебошад.
Ин роҳ бо ҳамаи иншооташ бисёр зебо аст ва ин зебоӣ аз бинанда дил мебарад. Бо ин роҳу иншооти бузургаш метавон ифтихор кард. Кӯҳҳои бузургу бас баландро шикофтанду роҳ сохтанд. Дар мавзеи Майхӯра нақби «Дӯстӣ» арзи ҳастӣ кард. Дарозтарин нақби кишвар – нақби Шаҳристон мавриди истифода қарор гирифт. Дар болои дарёи Сир, дар шаҳри Хуҷанд пули бузургу замонавӣ сохта шуд.
Пули ноҳияи Айнӣ низ бо санъати баландаш моро водор менамояд, ки иқтидори инсонро бори дигар эътироф созем. Дар ин маврид гузашта низ пеши назар меояд. Роҳҳои харобу ранҷҳои беҳисоб, шукр, ки пушти сар шуданд. Кунун одамон ба дидори ҳамдигар бе мушкилӣ мерасанд.
Ин ҳамаро, албатта, бояд шукр гуфт. Ва эътироф бояд намуд, ки ин дастовардҳо ба шарофати истиқлолият моро насиб гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ояндаро пештару бештару беҳтар аз мо мебинанд, меъмори ин шоҳкорӣ мебошанд. Ҳаргиз фаромӯш набояд кард, ки солҳое, ки мо дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ будем, ин орзуи деринаи сокинони сарзамини бостонии мо ҷомаи амал напӯшида буд.
Дар маҷмӯъ, мо – тоҷику тоҷикистониён ифтихорманд бояд бошем, ки Пешвои миллати мо бунёдгузори роҳҳои зебои байналмилалие мебошанд, ки барои ояндаи неки ҷаҳону замон ва башар хизмат хоҳанд намуд.
Бобоҷони Неъматулло
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube