Рубрики Хабарҳо

Путин то соли 2036 дар қудрат мемонад?

Натиҷаҳои ибтидоии ройпурсӣ дар Русия баёнгари он аст, ки ислоҳи Қонуни асосӣ роҳро барои дар қудрат мондани президенти феълӣ  Владимир Путин то соли 2036 ҳамвор мекунад. Кумисюни марказии интихоботи Русия 1-уми июл гуфт, тахминан 73 дар сади иштирокдорони референдум бо тағйироти Қонуни асосӣ розӣ буда, камтар аз 26 дар сад мухолифи он овоз додаанд.

Бархе аз нозирони бетараф, журналистон ва аъзои нуқтаҳои ройдиҳӣ дар бораи чанд мавриди нақзи қоидаи овоздиҳӣ гузориш доданд.

Якуми июл охирин рӯзи овоздиҳӣ дар референдум аст. Мақомот гуфтанд, ба хотири роҳ надодан ба таҷаммӯи зиёди мардум дар давраи пандемияи коронавирус раъйпурсиро дар ҳафт рӯз баргузор мекунанд. Натиҷаҳои ибтидоии эълоншуда ба пурсишҳои қаблии афкори умум мувофиқ аст.

Кремлин гуфт, тағйирот барои суботу амнияти кишвар зарур аст, дар ҳоле ки мунтақидон мегӯянд, Путини 67-сола тавассути ин тағйирот мехоҳад ҳузурашро дар қудрат якумрӣ кунад.

Ба овоздиҳандагон танҳо пешниҳод шуд, ки ба тарафдорӣ ва ё мухолифи тағйироти конститутсионӣ овоз диҳанд. Ҳукумат бисёр талош кард, ки дар ҷомеа ҷонибдорони ин тағйирот зиёд шаванд.

Аз миёни 200 тағйиру иловаҳо яке аз пурбаҳстаринаш он аст, ки собиқаи президентии Путин ба ҳеч баробар шуда, ба ӯ ҳақ медиҳад, ки баъд аз соли 2024 ду давраи дигари шашсола барои курсии президентӣ мубориза барад. 

Путин, собиқ афсари КГБ-и Шӯравӣ, аз соли 1999 дар мақоми президент ва нахуствазири Русия кор кардааст. Ҷонибдоронаш ӯро дар тақвияти кишвар ва иқтисодаш баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва бӯҳрони солҳои 90 ситоиш мекунанд. Мунтақидон мегӯянд, ки ӯ сохторҳои демократиро суст кард ва мухолифонашро дар канор партофт, интиқоду дигарандеширо маҳдуд ва фасодро ривоҷ дод.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *