12 нафар сенаторҳои амрикоӣ аз ҳизби демократ ва ҳам ҷумҳурихоҳ аз раисҷумуҳри Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли номае хостаанд то зиндониёни сиёсиро беқайду шарт озод кунад. Ин гурӯҳи сенаторҳо дар номаи худ аз он нигаронӣ кардаанд, ки набояд шаҳрвандонро барои ибрози ақида, фаолиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ боздошт ва зиндонӣ кард.
Дар идома онҳо аз Эмомалӣ Раҳмон дархост кардаанд, ки бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти буҳрони коронавирус дар ҷаҳон, ки зиндониён яке аз қишрҳои осебпазир маҳсуб мешаванд, онҳо бояд озод карда шаванд.
Гурӯҳи сенаторҳо барои ташвиқи Эмомалӣ Раҳмон дар ин нома хотирнишон кардаанд, ки дар бисёре аз кишварҳои дунё аз ҷумла, дар Амрико зиндониёнро пеш аз муҳлат озод кардаанд.
, ки “Мо аз шумо дархост мекунем то ҳамаи зиндониёне, ки ба хотири изҳори ақида ва баёни андешаашон боздошт ва зиндонӣ шудаанд, бо шумули гурӯҳи донишҷуён, фаолони ҷамъиятӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башарро фавран озод кунед! Афрод ҳаргиз набояд бахотири озодии гирдиҳамоӣ, озодии баён ва фаъолиятҳои иҷтимоъияшон боздошт ва зиндонӣ шаванд. Мо аз Шумо даъват мекунем, ки шаҳрвандони зиндонии сиёсиро бе ҳеч қайду шарте дар чорчӯби қонун озод кунед.
Дар ин нома сенаторони амрикоӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, номи ду зиндониро ёдрас кардаанд. Яке Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи зиндонӣ ва дуюмӣ Далер Шарипов, рӯзноманигори зиндонӣ мебошад. Ба қавли ин гурӯҳи сенаторон парвандаи ин зиндониҳо бидуни далел дар додгоҳои ғайри шаффоф баррасӣ шудааст.
Дар идома гуфтаанд, мо хабар дорем, ки Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи раҳбарони Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон пас аз он боздошт ва ба муддати 23 сол зиндонӣ шуд, ки аз шиканҷаи як аз зериҳомояааш, ки узви раёсати ҲНИТ буд, ба расонаҳо хабар дод. Парвандаи Бузургмеҳр Ёоров таваҷӯҳи ҷомеаи байналмиллалиро ба худ ҷалб кардааст ва Гурӯҳи кории боздоштҳои худсаронаи созмони Миллаили Муттаҳид низ боздошти ӯро худсарона ва ғайри қонунӣ дониста дархости озодии ӯро кардааст.