Дар доираи ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, даҳ санади нави ҳамкорӣ ба маблағи 16 миллион доллар ба имзо расид.
Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, зимни ҷаласа ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҳамкории минтақаҳои Тоҷикистону Беларус ба заминаи боэътимоди шарикӣ ва иттиҳод асос ёфта, робитаҳои истеҳсолӣ ва илмию техникӣ байни ду кишвар мунтазам густариш меёбанд.
Айни ҳол, ҳаҷми муомилоти умумии савдои хориҷии Тоҷикистон бо Беларус 2,2 фоизи маҷмӯи умумии савдои хориҷии кишварро ташкил дода, Беларус дар зинаи ҳаштуми шарикони асосии иқтисодии Тоҷикистон қарор дорад.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии Беларус, гардиши мол миёни ду кишвар дар ҳафт моҳи аввали соли 2025 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 152% афзоиш ёфтааст. Содироти Беларус ба Тоҷикистон 154% зиёд шудааст, ки асосан аз гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ (афзоиш 7,2 баробар), тухм (4 баробар), шакар, маҳсулоти ширӣ ва чорвои зинда иборат мебошад. Ба воридот асосан меваҳои хушк ва чормағз дохил мешаванд.
Вазири кишоварзии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши муносибатҳо дар дигар самтҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаи рушди соҳаи чорводориро мавриди муҳокима қарор дода, таҷрибаи Беларусро барои рушди чорвопарварӣ дар Тоҷикистон арзишманд арзёбӣ карданд. Тибқи маълумот, танҳо дар нимаи аввали соли 2025 аз Беларус ба Тоҷикистон 1056 сар чорвои калони шохдор ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42% зиёд мебошад.
Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Беларус Юрий Горлов изҳор доштааст, ки дар оянда ҳамкориҳо дар самтҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, саноати сабук ва дорусозӣ боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.
Ҳамзамон, мақомоти ду кишвар омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои маориф, илм ва рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ таъкид карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube