Рубрики Pressa

22 сентябр дар Тоҷикистон кадом ҷашн аст? (видео)


22 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз, дар саросари кишвар чорабиниҳои фарҳангӣ, шеърхонӣ ва маҳфилҳои адабӣ баргузор мегарданд.

Шоири бузурги тоҷику форс, асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки бо тахаллуси Одамушшуаро низ машҳур аст, дар замони давлати Сомониён зиндагӣ кардааст.

Ӯ на танҳо шоир, балки мусиқишинос ва сарояндаи машҳур низ буд.

Дар Тоҷикистон хотираи ӯ ҳамеша гиромӣ дошта мешавад. Соли 2008 бахшида ба 1150-солагии зодрӯзи Рӯдакӣ дар кишвар чандин чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ, адабӣ доир шуда буданд.

Хабарнигори Pressa.tj аз роҳгузарон пурсид: 22 сентябр дар Тоҷикистон кадом ҷашн аст?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *