19 сентябри соли 2025 зимни як чорабинӣ HUAWEI силсилаи соатҳои интеллектуалии WATCH GT 6 ва дигар маҳсулоти инноватсиониро дар шаҳри Париж муаррифӣ кард.
Ин чорабинӣ дар доираи консепсияи нави “Энергияи бод” доир шуда, дар он насли нави дастгоҳҳои пӯшидашаванда – силсилаи HUAWEI WATCH GT 6, HUAWEI WATCH Ultimate 2 ва HUAWEI WATCH D2, инчунин, силсилаи HUAWEI nova 14, гӯшмонакҳои HUAWEI FreeBuds 7i ва планшетҳои HUAWEI MatePad 12 X муаррифӣ шуданд. Ҳар як дастгоҳ барои фатҳи корбарон бо сифати иҷроиш ва роҳати истифода пешбинӣ шудааст. Ширкати Huawei инчунин консепсияи нави “Ҳозира аз они шумост”-ро эълон кард ва озмуни асарҳои эҷодии GoPaint Worldwide 2025-ро, ки ҳамгироии технологияҳои муосирро ба ҳаёти ҳаррӯза нишон медиҳад, оғоз намуд.
Силсилаи соатҳои HUAWEI WATCH GT 6: Имкониятҳои нав барои тамрин дар берун
Соатҳои интеллектуалии силсилаи HUAWEI WATCH GT 6 таҷассуми консепсияи “Энергияи бод” мебошанд, ки ба омезиши мӯд ва тарзи ҳаёти фаъол нигаронида шудааст. Ба шарофати ҳалли инноватсионии муҳандисӣ, соатҳо технологияҳои оптимизатсияшудаи батареяро гирифтанд, ки то 21 рӯз бе барқгирӣ кор мекунанд ва мавқеъгирии дақиқро ҳангоми тамрин дар берун таъмин менамоянд. Технологияи навшудаи HUAWEI TruSense ченакҳои ҳамаҷониба ва дақиқи саломатиро таъмин мекунад.
Бо зиёда аз 100 намуди тамрин, соатҳои интеллектуалии нави силсилаи HUAWEI WATCH GT 6 инчунин бо функсияҳои васеъ барои чор намуди маъмули фаъолият дар берун фахр карда метавонанд. Режими навшудаи велосипедронӣ функсияи ченаки виртуалии иқтидорро дастгирӣ мекунад, ки таҳлили касбии маълумотро бидуни истифодаи дастгоҳи иловагӣ пешниҳод менамояд, ки имкониятҳои пешрафтаро барои мониторинги нишондиҳандаҳои тамрини велосипедронӣ таъмин мекунад. Соат инчунин бо режими дави кросс, голф ва лижаронӣ муҷаҳҳаз шудааст.
HUAWEI WATCH Ultimate 2 ва WATCH D2: Пешравӣ дар технологияи мониторинги фаъолияти ҷисмонӣ ва саломатӣ
Соати интеллектуалии HUAWEI WATCH Ultimate 2 ҳамчун аввалин соате муаррифӣ мешавад, ки қобилияти зери об рафтан то 150 метр ва ҳам дастгирии функсияҳои аудиоро дорад. Технологияи пешрафтаи алоқаи зериобӣ дар асоси сонар имкон медиҳад, ки байни соатҳои интеллектуалӣ дар масофаи то 30 метр паёмҳо мубодила шаванд ва сигнали SOS дар масофаи то 60 метр фиристода шавад. Нусхаи навшудаи модели HUAWEI WATCH D2 функсияҳои васеи мониторинги фишори хунро, аз ҷумла хотиррасониҳои яквақта ва такрорӣ оид ба ченкуниҳо дастгирӣ мекунад.
Силсилаи HUAWEI nova 14: Камера барои аксбардории портретии воқеӣ ва касбӣ
Силсилаи смартфонҳои HUAWEI nova 14 ақидаро дар бораи аксбардории портретии мобилӣ тағйир медиҳад ва консепсияи “Портретҳои сатҳи Про”-ро муаррифӣ мекунад. Дастгоҳҳо технологияи аксбардории портретии воқеӣ ва муҳаррики навшудаи XD Portrait-ро пешниҳод мекунанд, ки дар натиҷа портретҳо амиқ мебароянд, мисли дар ҳаёти воқеӣ. Камераи смартфон инчунин дар шароити равшании кам аъло кор мекунад. Камераи пеши 50 МП автофокуси дугонаи модули портретӣ ва 5-карата калонкуниро барои аксҳои портретӣ дастгирӣ мекунад, ки ба эҷоди селфиҳои баландсифат кӯмак мерасонад.
HUAWEI MatePad 12 X ва стилуси M-Pencil Pro: Давраи нави омӯзиш ва эҷодиёти рақамӣ
Планшети нави HUAWEI MatePad 12 X PaperMatte Version бо экрани ултра-равшани PaperMatte муҷаҳҳаз аст, ки барои кори бароҳат пешбинӣ шудааст. Дар якҷоягӣ бо HUAWEI M-Pencil Pro, планшети MatePad функсияҳоеро ба мисли намоиши менюи ҳалқавӣ бо фишурдани стилус, дастрасии зуд ба барномаи “Блокнот” ва гардиши стилус барои танзими параметрҳои хасуро дастгирӣ мекунад.
Озмуни асарҳои эҷодии GoPaint Worldwide 2025 расман оғоз ёфт. Имсол дар озмун чор категорияи классикии расмкашӣ ва категорияи нави “Аниматсия” пешниҳод карда шудааст.
Ҳоло аз они шумост: Huawei мехоҳад доираи муштариён ҷавонро васеъ кунад
Ширкати Huawei бо консепсияи нави худ – ‘Ҳозира аз они шумост’ талош дорад, ки муколамаро бо насли нави истифодабарандагон дар саросари ҷаҳон амиқтар созад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube