Рубрики Хабарҳо

Чеҳра

Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди анқариб се даҳсола дар симати нафари аввали Тоҷикистон боқӣ монданаш ба як чеҳраи таъсиргузори сиёсӣ мубаддал нагардид. На дар дохили кишвар ва на дар сатҳи минтақаи аз ҷиҳати захираҳои табиияш ҷолиби Осиёи Марказӣ. Дар таърихи сиёсии кишвар аз ӯ бештар чун аз як сиёсатмадори тасодуфӣ ва ноӯҳдабаро ном хоҳанд бурд. Қадамгӯзории ӯ ба сиёсати дараҷаи миллӣ замоне рух дод, ки ҳамчун як депутати беранги номенклатурии шӯравӣ дар маҷлисҳои Шӯрои Олии кишвар аз рӯи одати маъмули ҳизбӣ барои қабули қарорҳои “аз боло” фаромада даст мебардошту халос. Яқин аз “сарбозони қатории ҳизбӣ” ба шумор мерафт, ки бо чашмони баста барои ҳар қарори ҳизби коммунист бидуни андешаву таҳлил овоз медод. Барои роҳбарияти олии ҳизб дар Маскав чунин намояндагони “коргару деҳқон” дар пур кардани курсиҳои ба ном парлумонҳои миллӣ дар ҷамоҳири “мустақил”-и шӯравӣ хеле қулай буданд. 

Амалкарди нафаронеро чун Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, ки дар авҷи сиёсатҳои атеистонаи СССР барои ҳифзи манфиатҳои миллии мардуми тоҷик ҷонфидоёна кӯшишҳо ба харҷ доданд, метавон чун қаҳрамонӣ муаррифӣ намуд. Акнун вақте Эмомалӣ Раҳмон худро дар баробари онҳо ва ҳатто пештар аз онҳо “қаҳрамони миллат” эълон кард, аксари таҳлилгарони сиёсиро ба андеша кардан водор сохт. Бо вуҷуди он ки дар тамоми даврони сари қудрат буданаш Раҳмон аз дастгирии ҳарбии абарқудрате чун Русия рӯирост бархурдор буд ва аз машинаи пуриқтидори давлатӣ ва васоити ахбори ҳукуматӣ васеъ истифода мебурд, миёни шаҳрвандони худ маҳбубият пайдо накард. Баръакс, бо амалҳои бесомонаш ҳамеша мавриди мазоҳу тамасхури зиёиён ва элитаи сиёсӣ қарор дошт.  

Ҳамчун сиёсатмадори сатҳи аввал Раҳмон ҳаргиз як пешвои харизматикӣ, яъне ҷаззоб набуд. Дар баробари намуди зоҳирии дилкаш доштан ва ҳам нотиқи хуб будан, пешвоёни муваффақи сиёсӣ аслан таҳлилгарони дурандешу бомағзанд, ки барои кишварҳояшон хидматҳои фавқулоддаеро аз қабили рушди босуръати иқтисодӣ, сиёсати одилонаи иҷтимоӣ ва амсоли ин кардаву номи некашонро дар девораҳои таърихи кишвари худ, минтақа ва ё ҷаҳон абадан ҳаккокӣ менамоянд. Роҳбарии сиёсӣ аслан як рисолат аст ва дар замони муосир дар камтарини ҳолат манбаи даромад ва ғорати мардуми худ буд. Аз ин рӯст, ки дар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ пешрафтае чун Шветсия ва Норвегия роҳбарони аввал ҳатто дар даҳгонаи аввали миллионерҳои маҳаллӣ ҷой надоранд ва карйераи сиёсиро бо бизнес омехта намекунанд.         

Худи бо кӯмаки як қумондони саҳроии ҷиноятпеша сари қудрат омадани Раҳмон дар авҷи ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ дар таҷрибаи сиёсиаш доғеро ба вуҷуд овард, ки шустанаш амри маҳол ва пинҳон карданаш амалан номумкин аст. Бо ин гузаштаи олуда Раҳмон дар даврони ҳукмрониаш хеле кӯшид барои худ як шаҷараи бошарафе бисозад: 

  • Дар давраи аввали аз зери таъсири қумондонҳои саҳрои халос хӯрданаш идеологҳои тамаллуқкоре сурати асосгузори аввалин давлати тоҷикон – Сомониро тағъир додаву симояшро ба Раҳмон монанд кашиданд. Ҳатто миёни мардум овозаҳои беасосеро паҳн намуданд, ки гӯё авлоди Раҳмон аз Исмоили Сомонӣ сарчашма мегирад; 
  • Кӯшишҳои дар интернет эшонзодаву пок ҷилва додани Раҳмон низ бебарор баромаданд, зеро ҳеҷ сулолаи эшонзодаҳо ӯро дар шаҷараи худ ҷой надоданд;
  • Сулҳофариву шуҷоъияшро низ, ки аз ҷониби ВАО-и ҳукуматӣ сахт тарғиб мегардид, таҷрибаҳои минбаъдааш билкул хат заданд. Истифодаи зӯроварӣ ва ҳатто яроқ бо мақсади муттаҳид ва мутеъ сохтани ҷомеъа бадномтараш кард. 

Баромадҳои бешумораш дар назди мардум пардаро аз рӯи тасвири сунъии “пешвои хирадманд” билкул бардоштаву таъкид месозанд, ки дараҷаи фаҳмиш ва фарҳанги Эмомалӣ Раҳмон аз як тоҷики қаторӣ (средне-статистический таджик) хеле поинтар меистад. Кризиси сиёсии ҳукумати Раҳмон (хонда шавад “тими аз хешу табораш иборат”) маҳз дар он аст, ки бо як сатҳи дониши аз худи мардум пасттар мехоҳад ин халқи аз худаш пешрафтатарро роҳбаладӣ намояд. Баромадҳои бидуни қоғази “муҳтарам президент” пас аз вазъхониҳои дилбазанаш ниҳодашро, фарҳанги сиёсиашро пеши омма ба намоиш мегузорад. Мавзӯи сӯҳбатҳои бидуни микрофони ӯ ҳаргиз аз зан, шавҳар ва ё любовнитса доштани писарону духтарони ҷавон, таҳлили сурудхониву рақси санъаткорон фарохтар набуда.

Эмомалӣ Раҳмон яке аз раҳабарони камшуморест, ки дар муддати се даҳсолаи роҳбарияш мактаби сиёсии худро бунёд насохт. Ӯ шогирдонеро, ки тавонанд пас аз устоди сиёсиашон рушди мамлакатро зери раҳбарии худ гиранд, тарбия накард. Баръакс, аз мутахассисони оянданигар ва сиёсатмадорони ҷавони умедбахш ҳамеша ҳарос дошт ва онҳоро бо даст додани имкони аввалин аз саҳна дур месохт. Худаш ва ҳам аъзои оилааш ҳеҷ хуши дидани ягон нафари миёни халқ маҳбубият касбкардаро надоранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз саҳнаи тоҷик берун андохтани ҳатто сарояндаҳои ҷавону сермухлисе чун Манижаи Давлат ва Садриддини Наҷмиддин кори дасти аъзоёни алоҳидаи хонаводаи Раҳмон аст. 

Дар мавриди рақобати сиёсӣ барои идоракунии мамлакат Раҳмон аз худ буздилии рӯиростро нишон дод. Ӯ ҳаргиз дар рақобат барои ба даст овардани райъи мардум одил набуд. Ва бо ягон рақиби сиёсиаш дар маърази ом баҳси рӯирост накардаву дар натиҷаи рақобати озоду бо имконоти баробар раҳбариро ба даст наовардааст. Яъне ҳеҷ гоҳе миёни мардум аз худ заковати бештари сиёсӣ нишон надодааст. Ҳатто камтарин аз рақибони фейкияш ҷаноби раҳбари ҳизби сотсиалист Абдуҳалим Ғаффоров дар маъракаи маҳдуди пешазинтихоботии соли 2013 нисбати ӯ бартарии бегуфтугӯ нишон дода буд. Чун як шахси бо зӯрӣ сари қудрат омада, ӯ ҳамеша рақибони сиёсиашро бераҳмона қир мекард. Ва ҳар нафари аз сиёсати ӯ норозиро аз сари роҳаш мебардошт, ҳатто агар узви тимаш бошад ҳам.  

Кушторҳои мармузи вазири собиқи корҳои дохилӣ М. С. Салихов ва машваратчии президент Сайф Раҳимзоди Афардӣ овозаҳоеро аз ихтилофи назарашон нисбати сиёсати роҳбари вақт боқӣ гузоштааст. Ба зиндон кашидани сиёсатмадорони харизматике чун Зайд Саид ва Маҳмадрӯзӣ Искандаров низ тасдиқи гуфтаҳои болост. Акнун ҳатто аъзои тими хешутабории Раҳмон ҳам аз ибрози назари худ дар рӯбарӯи халқ худдорӣ менамоянд то ҷойро барои Раҳмони ба дили мардум кайҳо зада холӣ нигоҳ доранд ва ӯро ягона мағзи ратсионалии Тоҷикистон нишон диҳанд.      

Баромади иҷтимоӣ ва таҳсилдидагии ҳар сиёсатмадор дар тарзи роҳбарияш ва пешрафти кишвари зертобеъаш таъсири амиқ мегузорад. Нафароне чун Эмомалӣ Раҳмон бо як фаҳмиши чорводорӣ ва дар даст таёқи аз чӯби йурғай сохта, мардумро чун рама идора кардан мехоҳанд ва аз хотир мебароранд, ки идоракунии ҷомеъаи инсонӣ заковати бештареро тақозо менамояд. Ва роҳбари як кишвари тозаистиқлолу демократӣ набояд мисли чӯпон амал намояд ва яккатоз бошад. Ин ҷо ҷаҳонбинии фарохтаре лозим аст.    

Ҷомеаи имрӯза босуръат рушд карда истодаву ба роҳбарони ҷавону пурэнерҷӣ, таҳсилкардаву дунёгашта ниёз дорад то ин ки ҳамқадами замон будаву ба пешравии кишвари хеш саҳми бевосита гузоранд. Ивазшавандагии роҳбарон тариқи интихоботҳои одилона дигар як амри маъмулист. Раҳмон бо фаҳмиши кӯҳнаву авлодпарастонааш дар сиёсати Тоҷикистон дигар ҳарфи нав надорад. Он чи тавонист кунад, ба қафо кашидани мамлакат ва ғорати бераҳмонаи он буд, ки ба куллӣ анҷомаш дод. Ва ҳеҷ тавони аз ин бӯҳрон бурун овардани кишварро надорад.

Бо фаҳмиши асримиёнагӣ ва шоҳпарастонаи худ Раҳмон ҳоло ҳам дар иҳотаи иллюзияҳои бепояаш зиндагӣ дораду кӯшиш менамояд чархи таърихро ба қафо гардонад, худро шоҳу табъашро вазир дидан мехоҳад. Вале фаромӯш кардааст, ки дар берун аллакай асри 21 ҳукмфармост ва роҳбари хуб ҳарфи мардумашро бояд бишнавад. Маҳз дар ҳамин давра Тоҷикистон ба чеҳраҳои наву навофари ҷавон ва болаёқат сахт ниёз дорад. То ин ки ин ватанро аз бумбасти қабилапарастӣ раҳо намоянд ва як ҷомеаи дар гузашта бофарҳаги минтақа ва ҷаҳонро аз вартаи ҳалокат бурун кашанд.    

Сиёсати яккатозии Раҳмон дар Тоҷикистон фазои навмедиро ба вуҷуд овардаву гӯё рӯи сиёсатмадорони умедбахшро бо пардаи торики шахспарастӣ пӯшонидааст. Девори миёни шахсиятҳои ватандӯст ва мардум сохтаи Раҳмон батадриҷ фурӯ рафта истодааст ва симоҳои нави пурҷило тариқи расонаҳои иҷтимоӣ рух намудаву аз доираи таъсири Раҳмон берун бо мардуми худ дар тамосанд. Дар назари аввал чунин менамояд, ки дар сартосари кишвар каси дигаре ӯро дар ин маснад иваз карда наметавонад. Вале бояд дар назар дошт, ки тӯли солҳои истиқлолият, ки мардуми тоҷикро аз ноилоҷӣ рӯи ҷаҳон пошид, силсилаи сиёсатмадорони наву ҷавоне бо фаҳмиши глобалӣ ва арзишҳои волои меҳанпарастӣ ба воя расидаанд. Ва ҳаракат ба самти рушд ногузир аст.  

Баромадҳои таҳлилии раҳбари ПМТ – як иттиҳоди мухолифи ҳукумат Муҳиддин Кабирӣ аз хориҷи кишвар Раҳмонро сахт ба таҳлука андохтааст ва акнун тамоми ҳайати “фабрикаи ҷавоб” ҳам бо имконоти васеъи техникии худ диққати мардумро аз баромадҳои интиқодӣ нисбати сиёсати Раҳмон дур карда наметавонанд. Блогерҳои фаъолгардида, норозигии корбарони Фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ аз вазъи бавуҷудомада, таҷаммуъи эътирозии мардуми селзадаи Хуросон, фаъолгардии ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар ростои мубориза бо коронавирус чеҳраи Раҳмонро аз ғазаб тиратар ва симояшро чун як сиёсатмадор хиратар месозанд.      

Анвар Мунавваршоев,

таҳлилгари сиёсӣ

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *