Рубрики Хабарҳо

Раиси ноҳияи Тоҷикобод даргузашт

Зуҳри имрӯз 20 май Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо, раиси ноҳияи Тоҷикобод дар хонаи падараш дар деҳаи Нушори поён дар синни 50 солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, Маҳмадшозода 3-4 рӯз боз аз сурфаву нафастангӣ ранҷ мекашид ва дар хона табобат мегирифт. Рӯзи 20 май аз ноҳияи Рашт барои муоинаи Ҳамидулло Маҳмадшозода табибонро даъват кардаанд, вале алакай дер шуда буд. 

Дар ин бора сомонаи Ахбор иттилоъ дода навишт,  “дар Тоҷикобод аз мардум хоҳиш кардаанд, ки барои баёни таъзия ба хонаи раиси ноҳия нараванд. Ҳамчунин гуфтаанд, ки маросими намози ҷаноза ва дафни Ҳамидулло Маҳмадшозода бо иштироки теъдоди хурди одамон доир хоҳад шуд”. 

Гуфтанист, Маҳмадшозода аз 23 ноябри соли 2018,  раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод таин шуда буд. Раиси ноҳияи Тоҷикобод то имрӯз баландпоятарин мансабдори расмии ҳукумати Тоҷикистон аст, ки қурбони авҷи пневмония ва коронавирус шуд. Қаблан дар бораи даргузашти чанд мансабдори собиқ, аз ҷумла муовини собиқи сарвазир генерал-лейтенант Абдураҳмон Азимов, муовини собиқи вазири мудофиа генерал-майор Абдулназар Абдуласанов, вазири собиқи амният Саиданвар Камолов гузориш шуда буд. 

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *