Рубрики Pressa

Пешниҳоди филми “Харгӯши сиёҳ, харгӯши сафед” ба Ҷоизаи Оскар


“Тоҷикфилм” филми “Харгӯши сиёҳ, харгӯши сафед”-ро ба ҷоизаи Оскар пешниҳод мекунад. 

Ба гуфтаи раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдод, дар комисияи Оскар баъди пешниҳоди муҳтавои филм, садо, тасвир ва корҳои техникӣ тасмим барои дидану баррасии филм дар қатори дигар филмҳои ҷаҳонӣ гирифта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки нахустнамоиши филми мазкур 24-уми сентябри соли равон дар толори синамои “Ватан” баргузор шуд.

Ин филми муштараки “Тоҷикфилм” ва ширкати “Корномаи Дубай” аст, ки наворбардории он се моҳ давом кардааст. Бештари саҳнаҳои  филм дар Ҳисору Варзоб наворбардорӣ шудааст.

Коргардони филм Шаҳром Мукрӣ аз Эрон буда, дар он ҳунармандони тоҷику эронӣ нақш бозидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *