Рубрики Pressa

Рӯзи Рӯдакӣ 100-сола шуд! — Pressa.tj


Як сада қабл зиёиёни равшанзамири миллати тоҷик аз Ҳукумати ҷавони Тоҷикистон нахустин маротиба дархост намуданд, ки ҳамасола рӯзи 2-3-юми иди Наврӯз – 22-23-юми моҳи март Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил гардад. Ин чӣ тадбире буд?…

Аввалин пояҳои рӯдакишиносии замони нав солҳои 20-уми садаи ХХ дар сатҳи муносиби замон тарҳрезӣ гашт. То ин вақт Рӯдакиро фақат аз тазкираҳо ва аввалин китобҳои навбунёд оид ба таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ дармеёфтанд, равшан аст, ки ашъори шоир ҳам хеле пароканда буд. Аз ин пас замина фароҳам омад, ки Рӯдакӣ дар ҷусторҳои адабшиносии тоҷик ҷойгоҳи хос ба даст оварад.

Ин нуктаро ҳам бояд арз кард, ки рӯдакишиносии даврони аввали бунёди афкори илмии адабшиносӣ дар Тоҷикистони шуравӣ аз ҷусторҳои сирф филологӣ дида бештар ба сабку салиқаҳои равшангарӣ ва равшаннамоиву маърифатварварӣ наздик будааст. Ин замон равшангарон роҳҳои нозук, муассир ва ҳассоси ҷалби мардумро ба нуктаҳои зарурии дорои обишхӯри сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, усули хоси тарғиби адабиёти гузаштагон ҷуста ва ба бунёди мафкураи нави адабпажӯҳӣ замина фароҳам оварданӣ шуданд.

Пеш аз ҳама аз мақолаи донишманди маъруфи тоҷик Тӯрақул Зеҳнӣ бо номи “Шоири бузурги нахустини тоҷикон” (1925) ба некӣ метавон ёд кард, ки арзиши илмии шоиста дар шинохти ҷойгоҳи сазовори устод Рӯдакӣ дорад. Ин аввалин навиштаи пуртаҳлил ва натиҷабахш дар замони навин аст, ки то андозае ҷойи холии рӯдакишиносии ҳавзаи тоҷикони Осиёи Миёнаро дар замони охир пур кард. Он яке аз нахустин кӯшишҳои хубу назарраси таъйини “қимати шеъру шоирӣ”-и Рӯдакист. Аз сабаби он ки дар ҷусторҳои адабиётшиносӣ ва тазкиранигории садаи нуздаҳ ба ному шеъри Рӯдакӣ қариб таваҷҷуҳ нашуда, ин ном дубора бо кӯшишу талоши зиёиён эҳё гашт.

Т. Зеҳнӣ баробари зикри нуфузи шахсият, арзиши шеър, нақди раъйи тазкиранигорон, муаррифии афкори рӯдакишиносон аввалин маротиба дар замони нав “ба тариқи маслаҳат ба Нозироти маорифи кишварии Тоҷикистон ва Шурои илмии тоҷикони Ӯзбекистон” масъалаи ҷашни ҳазораи Рӯдакиро ба миён гузошт. Дар ин самт ба таҷрибаи баргузории чаҳорсадсолагии зодрӯзи шоири озарбойҷонӣ Муҳаммад Фузулӣ, иқдом ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни панҷсадсолагии шоири ӯзбек Алишери Навоӣ равшан ишора шуд. Т. Зеҳнӣ бо ҳисси ифтихор навиштааст, ки “ҷашни Рӯдакӣ ба тамоми порсизабонони Шарқзамин аҳамияти бузург дорад”. Равшангарон ба ин нукта диққати аҳли замонаро бурданӣ шуданд, ки “… нажоди Рӯдакӣ набояд бесавод бошад. Барои миллате, ки беш аз ҳазор сол шоир ва нависандаи калоне монанди Рӯдакӣ дошта, барои миллате, ки осори адабӣ, илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии он ба ҳазор сол пеш аз ин дар дунё ба ёдгор монда, бесаводӣ нанг аст, айб аст, зиллат аст”. Мебинем, ин гузориш қабат-қабат бо афкори ҷадидон дар гиромидошти рӯҳи гузаштагон ҳамоҳангӣ дорад, сифати миллии адабиёт ва нақди адабиро зоҳир мекунад. Ин нукта исбот мекунад, ки миллатсозӣ, сохтмони маънавии миллат, саодати аҳли ҷомеа қазияи руҷуъ ба рӯзгори гузаштаро ба вуҷуд овард ва болишу нозиш аз таъриху адабиёти гузашта асоси мафкураи замон қарор гирифта, дар ин ҷустор таҷрибаи мардуми озарбойҷонӣ ва ӯзбек ба дарки ҳамаҷонибаи эҳсоси миллии зиёиёни солҳои 20-уми садаи бист дар боби қадрдонӣ аз аҳли адаби гузашта ба кор омадааст.  

Натиҷаи ин гуна бардошти зиёиёни солҳои 20-уми садаи бист буд, ки маҷаллаи “Дониш ва омӯзгор” таҷлили Рӯзи Рӯдакиро ба миён ниҳод. Дар яке аз шумораҳои маҷаллаи маъруф дар соли 1926 мақолаи бисёр муҳими “Рӯзи Рӯдакӣ” бо имзои мустаори Деҳқон нашр гардид, ки дар баррасии матлаб саҳми матлуб дорад. Мақола бархе вежагии гароиши рӯдакишиносии замонро равшан мекунад. Ба ин маънӣ, таҷлили ҳарсолаи мақому мартабаи устод Рӯдакӣ як масъалаи муҳими пайванду муносибати замон ба мероси гузашта гашт. Қарордоди бузургдошти рӯҳи Рӯдакӣ “дар таъқиби як силсила дархостҳои заҳматкашони тоҷик, чӣ ба воситаи мақолот дар рӯзномаҳо ва чӣ забонӣ” ба амал омад. Тибқи ин дархостҳо “ҷиргаи (коллегияи) назорати маорифи Тоҷикистон рӯзи 2-3-юми иди Наврӯз Соли Навро Рӯзи Рӯдакӣ таъйин кард”…

Ба ин маънӣ, бо кӯшишу талоши зиёиёни солҳои 20-уми садаи бист номи абадзиндаи Рӯдакӣ дар давраи пасоинқилобӣ дубора ба курсии адабшиносӣ нишаст.

Истиқлоли миллӣ арҷгузории жарфӣ ба Рӯдакиро афзуд, гиромидошти рӯҳу корномаи ин шахсияти фарзонаи миллат ба марҳалаи дигар ворид шуд. Соли 2002 дар Тоҷикистон 22-юми сентябр ба унвони рӯзи Рӯдакӣ ба рӯйхати ҷашнҳои миллии кишвар шомил шуд ва 23 сол аст, ки дар ин рӯз бо Рӯдакием, аз файзи гуфтори Рӯдакӣ ғизои нави маънавӣ мегирем. Вақте 22-юми сентябр фаро мерасад, 22-юми сентябри соли 1940 низ ба ёдамон мерасад, ки дар ин рӯзи таърихӣ аввалин гурӯҳи экспедитсионӣ аз Филиали Тоҷикистонии АИ СССР ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ҳайати Гарритский ва Лутфулло Бузургзода ба қаламрави Панҷрӯд сафарбар шуданд, ки ин сафар ба тасдиқи бозёфтҳои устод Айнӣ дар кашфи маҳали дафни устод Рӯдакӣ равона шуда буд…

Субҳони АЪЗАМЗОД,

адабиётшинос

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *