Дирӯз 11 май дар Доҳа, пойтахти Қатар маросими қуръакашии қисми финалии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол баргузор шуд. Аз рӯи натиҷаи он дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» қарор гирифт. Рақибони Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби Қатар, Лубнон ва Чин шуданд.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 24 даста ба 6 гурӯҳи иборат аз 4-дастаӣ тақсим мешавад. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини дар зинаи сеюм қарордошта ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбад.
Ҷоми ҳаждаҳуми Осиё байни дастаҳои миллӣ аз 12 январ то 10 феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.