Телевизор, смартфон, гӯшмонакҳо, соатҳои доно ва аккумулятори берунӣ соҳибони худро дар рафти марҳилаи якуми бозии бурдноки “МегаМиллион” аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” пайдо карданд. Чорабинӣ 24 сентябр баргузор шуда, дар сомонаҳои расмии ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври мустақим пахш гардид.
Ғолибони хушбахт муштариён аз минтақаҳои гуногуни кишвар гардиданд:
• Меҳринисо Турақулова аз ноҳияи Вахш соҳиби телевизори Samsung 65 гардид.
• Сафармуҳаммад Зайдулозода аз шаҳри Леваканд смартфони Xiaomi Redmi Note 13 Pro-ро бурд кард.
• Азизулло Содиқов аз ноҳияи Данғара ва Ситора Расулова аз шаҳри Душанбе соҳиби гӯшмонакҳои бесими Apple AirPods 4 гаштанд.
• Амрулло Сангинзода аз вилояти Суғд ва Нилуфар Абдураҳмонзода аз ноҳияи Муъминобод соатҳои донои Xiaomi Mi Watch-ро ба даст оварданд.
• Азиза Аминчонова ва Беназир Латипов аз шаҳри Душанбе аккумулятори берунии Xiaomi Mi Wireless Power Bank-ро бурд карданд.
Ҳар як соҳиби ID-рамзи нодир, ки 3 сомонӣ арзиш дорад, на танҳо имконияти бурди туҳфаҳои арзишманд, балки туҳфаи кафолатдодашуда – 100 Мб трафики интернетро пайдо кард. Дар иқдом тамоми муштариёни аз 18 сола боло, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, иштирок менамоянд.
“То ҳозир боварам намеояд! Чунин як телевизори калону зебо акнун дар хонаи мост – хурсандиам ҳадду канор надорад. Бо хушнудӣ минбаъд низ иштирок мекунам, шояд 1 000 000 сомониро низ бурд кунам”, – иброз дошт Меҳринисо Турақулова.
Бурди асосӣ 22 октябр баргузор гардида, дар яке аз шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ба таври мустақим пахш мегардад. Миёни туҳфаҳои олӣ – 1 000 000 сомонӣ, iPhone 16 Pro, MacBook, PlayStation 5 Slim ва дигар гаджетҳо. Ғолибон тавассути лототрон – муайян мегарданд – ID-рамзҳои ғолибон ба таври тасодуфӣ ташкил карда мешаванд.
“Ин ғайриоддист! Смартфони орзуҳо бевосита дар дасти ман аст. Ташаккур ба “МегаФон Тоҷикистон” барои чунин имконият”, – гуфт Сафармуҳаммад Зайдулозода.
Муштариён метавонанд имкониятҳои бурд карданро бо харидани якчанд ID-рамз ё бастаҳои махсус бо тахфифҳо зиёд намоянд. Барои 10 рамз мизоҷ 5 000 Мб, барои 50 рамз – 10 000 Мб ва барои 100 рамз – 20 000 Мб трафики интернетро ҳамчун туҳфа ба даст меорад.
Шартҳои пурраи бозии бурднок дар сомонаи расмии оператор дастрасанд.
“МегаМиллион” идома дорад – ва ҳар як шахс фурсати бурд карданро дорад!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube