Рубрики Pressa

Таъсиси боз як Шӯрои нави диссертатсионӣ дар Душанбе


Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Шурои нави диссертатсионии 6D.KOA-100  муаррифӣ гардид. Дар муаррифӣ намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Тоҷикистон ва ҳайати раёсати донишгоҳ иштирок доштанд.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода таъсиси чунин сохторро дар рушди илми миллӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос муҳим арёбӣ кард.

Намояндагони Комиссияи олии аттестатсионӣ  иброз доштанд, ки таъсиси Шурои нави диссертатсионӣ қадами муҳим дар таҳкими заминаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ ва фароҳам овардани имконияти ҳимояи рисолаҳо дар самтҳои илми иқтисодӣ ва идоракунӣ мебошад.

Аъзои Шуро  барои саҳмгузорӣ дар рушди илм, дастгирии олимони ҷавон ва таъмини сатҳи баланди экспертизаи илмӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон яке аз муассисаҳои пешрафтаи таҳсилоти олӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад.  Донишгоҳ дар самтҳои туризм, иқтисодиёт, соҳибкорӣ, менеҷмент ва аудит мутахассис тайёр мекунад. Бо истифода аз усулҳои муосири таълим, устодони соҳибтаҷриба ва ҳамкории васеъ бо муассисаҳои таълимии хориҷӣ, донишгоҳ ба маркази муҳими илмӣ ва табдил ёфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *