Рубрики Pressa

Дар Тоҷикобод ҳам нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ 100% иҷро шуд


1 октябр дар  ноҳияи Тоҷикобод таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» чорабинӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ роҳбарони мақомоти ноҳия, ҳифзи ҳуқуқ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорон, падарону модарон ва ҷавонони даъватшаванда иштирок карданд.

Соли равон, мисли солҳои қаблӣ, ноҳияи Тоҷикобод нақшаи даъватро 100 фоиз иҷро намуд ва ҷавонон ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуданд.

Муовини якуми раиси ноҳия Ҳасани Давлатхуҷа ва Комисари ҳарбии ноҳия Акбарзод Фирӯз дар баромадҳои худ ба дастовардҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва ҳавасмандии ҷавонон ба хизмати Ватан таъкид карданд ва миннатдории мақомоти ноҳияро ба наваскарон ва волидони онҳо расониданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби мақомоти ноҳия ба шахсоне, ки дар ташкил ва гузаронидани маърака саҳми назаррас гузоштанд, инчунин, ба падару модарон, ки фарзандонашон ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд, сипосномаҳо тақдим гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *