Расонаҳои Афғонистон хабар медиҳанд, ки интернет дар саросари ин кишвар аз шоми 29-уми сентябр қатъ гардидааст. Гуфта мешавад, ки аввал интернети ноқилӣ дар тамоми Афғонистон қатъ гардида, баъдан интернети мобилӣ ҳам ба мушкил дучор шуд.
Ҳукумати “Толибон” то кунун сабаби қатъи интернет барои беш аз 40 миллион шаҳрванди Афғонистонро шарҳ надодаанд. Аммо дар гузашта гуфта буданд, ки ин иқдомро ба хотири “пешгирӣ аз амалҳои бад” анҷом медиҳанд.
Созмони “NetBlocks”, ки амнияти сайберӣ (киберӣ) ва мудирияти интернетро дар тамоми дунё назорат мекунад, эълон кардааст, ки Афғонистон дар ҳоли ҳозир бо қатъи комили интернет рӯ ба рӯ аст ва ҳоло хадамоти телефонӣ ҳам дар вазъияти бад қарор дорад.
Ба гузориши расонаҳо, қатъи комили интернети ноқилӣ ва мушкил дар шабакаҳои мухобиротии Афғонистон мавқуф мондани чандин парвозҳои ҳавопаймоӣ, дучори мушкил шудани хидматрасониҳои бонкӣ, аз кор мондани дурбинҳои амниятӣ, қатъи пахши бархе аз шабакаҳои телевизионӣ ва саргардонии мардумро дар пай доштааст.
Аз ҷумла, сомонаи “Flightradar 24” гузориш додааст, ки рӯзи 30-юми сентябр панҷ парвоз ба Кобул лағв шудааст, ки се парвоз аз Дубай ва ду парвози дигар аз Истанбул ва Маскав будаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube