Рубрики Pressa

“Dushanbe Invest Forum-2025” дар Душанбе


Аз 14 то 16-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории “Dushanbe Invest Forum-2025” баргузор мешавад. Чорабинии сатҳи баланд бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шаҳрдории Душанбе ва бо дастгирии Ҳукумати кишвар ташкил карда мешавад.

Мавзуи асосии форум рушди устувори иқтисодӣ тавассути лоиҳаҳои сабз, иқтисоди рақамӣ ва моделҳои муосири рушди саноатӣ мебошад. Ин платформаи муҳим барои муаррифии иқтидори сармоягузории Тоҷикистон ва ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ арзёбӣ мегардад.

Дар доираи кори форум масъалаҳои муҳими марбут ба энергияи барқароршаванда, ҷорӣ кардани принсипҳои “ESG”, молия ва иқлим, инчунин рушди сайёҳии экологӣ баррасӣ мешаванд.

Бахши махсус ба рақамисозии иқтисод, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, технологияҳои молиявӣ, амнияти киберӣ ва хизматрасониҳои электронии нав бахшида мешавад. Ҳамзамон, рушди минтақаҳои саноатӣ, таъмини ивазкунии воридот ва истеҳсолоти муосир ҳамчун самтҳои стратегӣ пешниҳод мегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *