Рубрики Хабарҳо

Паймони миллӣ: ҳалли мушкилоти марзӣ роҳи низомӣ надорад

Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи мухолифин дар хориҷ бо пахши баёнияе задухӯрдҳои мусаллаҳона байни нерӯхои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Қирғизистонро шадидан маҳкум кард ва аз роҳбарони ду кишвар қотеъона талаб кард “ба бозӣ кардан бо тақдир ва таърихи ду миллати бародар хотима бидиҳанд ва ҳарчи зудтар нақшаи роҳи мушаххасро барои ҳалли ин қазия пешниҳод намоянд”.

ПМТ бо байни ин ки ҳалли мушкилоти марзӣ роҳи низомӣ надорад аз “нерӯҳои солим ва воқеан ватандӯсти ҳарду кишвар”  хост, “аз даъват ба сӯйи хештандорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ натарсанд, иҷозат надиҳанд, ки «ватандӯстони дурӯғини» ҳарду ҷониб кинаву адовати қавмӣ ва нажодиро байни ду миллати ҳамсоя решадор кунанд”.  

Матни пурраи баёнияи ПМТ оид ба вазъ дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон ба шакли зер аст:

Боиси таъассуф аст, ки ду миллати ҳамсоя ва таърихан дӯст дар натиҷаи бесалоҳиятӣ ва бемасъулятии ҳукуматҳои ҳарду кишвар бори чандум аст, ки фарзандони бегуноҳи худро қурбонӣ медиҳанд. 

Паймони Миллии Тоҷикистон задухӯрдҳои мусаллаҳона байни нерӯхои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Қирғизистонро, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ ва моддӣ аз ҳарду ҷониб гашт, шадидан маҳкум менамояд. Инчунин аз эълони оташбас ва талошҳои ҳарду ҷониб барои ба эътидол овардани вазъ пуштибонӣ менамояд. 

Ҳамзамон ба пайвандони шаҳидони ин ҳодиса ва ҳодисахои қаблии харду ҷониб бори дигар изҳори хамдардӣ мекунад. 

Паймони Миллии Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки ҳалли мушкилоти марзӣ на танҳо дар байни Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар кулли ОМ роҳи низомӣ надорад. Талош барои ҳал кардани ин қазия аз роҳи зӯр танҳо мушкилро амиқтар ва роҳро тӯлонитар хоҳад кард. Ин қазия танҳо ҳали сиёсӣ ва дипломатӣ дорад ва калиди ҳали ин мушкилӣ ҳам дар дасти ҳукуматдорони ҳарду ҷониб мебошад. Мутаассифона, эҳсос мешавад, ки ҳарду ҷониб то ин лаҳза манфиатдор барои ҳали ин мушкилот нестанд ва ҳар кадом бо сабабҳое манфиатдор аст, ки ин қазия халношуда боқӣ бимонад, то онро барои амалӣ кардани сиёсатҳои дохилии худ истифода намоянд. 

Зеро маҳз дар чунин шароит бозори сиёсатмадорони популист ва «ватандӯстони»  дурӯғин аз ҳарду тараф гарм гашта, худро дар чашми аввом ҳомии аслии манфиатҳо ва марзу буми кишвари худ муаррифӣ мекунанд. Ингуна ҳодисаҳо бори аввал нест, ки  барои дур кардани диққати мардуми худ аз мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар авҷи буҳронҳо рух медиҳанд.  Ҳатто як ишораи кӯтоҳ накардан ба ин фоҷиаи инсонӣ дар суханрониҳо ва бархурдҳои «табиӣ»-и ду роҳбар дар нишасти сарони СҲШ дар Самарқанд баёнгари он аст, ки вазъият тибқи хоста ва манфиатҳои хукуматдорони ду кишвар пеш меравад. Аммо қурбониро мардуми оддӣ, сарбозон ва афсарон аз ду ҷониб медиҳанд ва ду миллат маҷбур мешаванд барои дифоъ аз марзу бум ва номус зидди якдигар сангар бигиранд. Ва аз ҳама фоҷеъабор ин аст, ки роҳбарони ду ҷониб тамоми қишрҳои ҷомеаҳои худро дар муттаҳамкунӣ ва гунаҳкор тарошидани тарафи дигар сафарбар карда, дар охир худашонро ҳамчун оварандаи субот ва сулҳ барои миллатҳои худ вонамуд месозанд. 

Паймони Миллӣ аз роҳбарони ду кишвар қотеъона талаб мекунад, ки ба бозӣ кардан бо тақдир ва таърихи ду миллати бародар хотима бидиҳанд ва ҳарчи зудтар нақшаи роҳи мушаххасро барои ҳалли ин қазия пешниҳод намоянд. Зеро маълум аст, ки дар чунин кишварҳои авторитарӣ роҳи ҳалли масоил танҳо дар дасти роҳбарони худкома аст, на сарбозу афсарон ва на мардуми бесилоҳи марзӣ. 

Ҳамзамон, Паймони Миллии Тоҷикистон аз нерӯҳои солим ва воқеаан ватандӯсти ҳарду кишвар  даъват мекунад, ки аз даъват ба сӯйи хештандорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ натарсанд, иҷозат надиҳанд, ки «ватандӯстони дурӯғини» ҳарду ҷониб кинаву адовати қавмӣ ва нажодиро байни ду миллати ҳамсоя решадор кунанд. Бешак, дар шароити асабоният ва боло рафтани шиорҳои аввомгароёнаи «ватандӯстӣ» аз ҳарду ҷониб, даъват ба хештандорӣ ҷасорат ва худгузарӣ металабад. Ва хатари муттаҳам шудан ба «хиёнати миллӣ» дар ҳарду тараф ҳаст. Аммо, манфиатҳои дарозмуддати миллатҳои мо ва ояндаи наслҳоямон тақозо мекунад, ки як нерӯи сиёсии ҷиддӣ ва воқеан ватандӯст чунин ҷуръатро дошта бошад ва аз баҳри манфиатҳои муваққатӣ бигзарад. 

Паймони Миллӣ бовар дорад, ки нерӯҳо, созмонҳо ва шахсиятҳои солиму масъуляитшиноси қирғиз ҳам талош хоҳанд кард, то пеши роҳи сиёҳкунии миллати тоҷик ва якҷониба айбдор кардани сарбозону афсарони Тоҷикистон дар шабакаҳо ва расонаҳо гирифта мешавад. 

Миллатҳои мо роҳе ҷуз пайдо кардани роҳҳо барои ҳамзистии мусолаҳатомез ва ҳамкорӣ дар ин минтақа надоранд. 

Паймони Миллии Тоҷикистон

18. 09. 2022

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *