Ду фаъоли ҷамъиятӣ ва узви “Комиссиюни 44” ё “Гурӯҳи 44” дар Душанбе гунаҳкор эътироф ва ба зиндон маҳкум шуданд. Шафтолу Бекдавлатови 64-сола Хуҷамри Пирмамадови 57 сола барои 18 сол ба зиндон фиристода шуданд, хабар медиҳад Pamir Daily News.
Дар додгоҳ ба ҳайси ҳимоятгари муҳокимашавандаҳо вакили дифоъ Фаромуз Иргашев баромад кард, ки бо ҳамон иттиҳоме, ки мақомот ин ду нафарро муттаҳам мекунанд дастгир шудааст ва дар боздоштгоҳи муваққатии КДАМ дар Душанбе нигоҳдорӣ мешавад.
Манбаъ менависад худи Иргашев, ки дар боздоштгоҳ зери фишори сангини мақомот қарор дорад ва имкони омодагӣ ба мурофиъа, ҷамъоварии маълумоту аснод надорад, наметавонад ба муҳокимашавандагон кумаки лозими ҳуқуқӣ расонад. Ин ҳам бо назаржошти ин ки иттиҳомот алайҳи фаъолони маданӣ сохташуда буда, ангезаи сиёсӣ доранд.
Тибқи иттилоъи манобеъи пойгоҳ, яке аз шоҳидоне, ки алайҳи муҳокимашавнадагон шаҳодат додааст, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Муқбил Латипов — бародари Муқим Латипова, раиси ҷамоати Тавдеми ноҳияи Роштқалъа будааст. Гулбиддин Зиёбеков, ки аз ҷониби мақомоти қудратии Тоҷикистон бераҳмона кушат шуд низ сокини ҳамин ҷамоъат буд.
Нӯҳ нафар аз 13 узви “Комиссиюни 44”-ро, ки аввали моҳи июн дар ВМКБ боздошт шуда буданд, ба Душанбе интиқол додаанд. Аз ҷумла ҳуқуқшинос Фаромуз Иргашов, раҳбари Анҷумани ҳуқуқшиносони Поиӯмир Хурсанд Мамадшоев, Манучеҳр Холиқназаров, Музаффар Муборакшоев ва Бахтовар Бахтиёров.