Рубрики Хабарҳо

Украина дар ҷустуҷӯи бақимодаҳои мушак дар маҳалли садамаи ҳавопаймо дар Эрон

Эрон аз интиқоли ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймои садамадидаи украинӣ ба ҷойи амн хабар додааст. Як мақоми украинӣ мегӯяд кишвараш дар ҷустуҷӯи бақимондаҳои мушаки русӣ дар маҳалли садама аст. Канада ҳам коршиносеро барои назорат бар таҳқиқоти садама баргузидааст. 

Алӣ Обидзода, раиси созмони ҳавопаймоӣ гуфтааст ҳавопаймои украинии садамадида дорои 167 мусофир ва нуҳ нафар хадамаи парвози (украинӣ) буда, ки тамоми афрод дар ин садама ҷони худро аз даст додаанд. 146 нафар аз мусофирон дорои гузарномаи эронӣ, 10 нафар дорои гузарномаи афғонистонӣ, панҷ нафар дорои гузарномаи канадаӣ, чаҳор нафар дорои гузарномаи шветсияӣ, ва ду нафар низ дорои гузарнома украинӣ будаанд. 

Ин мақоми ҳавопаймоии Эрон ҳамчунин гуфт, мумкин аст теъдоде аз мусофирон дорои тобеияти чандгона бошанд ва дар соири гузоришҳо бо миллияти дигар муаррифӣ шаванд. Феҳристи фавқи марбут ба гузарномаҳое аст, ки қурбониён бо онҳо аз марзи Ҷумҳурии Исломии Эрон хориҷ шудаанд. 

Трюдо: 63 нафар канадаӣ буданд 

Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада ҳам дар бораи ҳуввияти мусофирони ҳавопаймои садамадида гуфтааст, 138 нафар озими Канада буданд, ки аз ин теъдод, 63 нафар канадаӣ будаанд ва гуфт, ки “кули кишвар дар ин дард саҳиманд”. 

Нахуствазири Канада афзуд, ки шаҳрвандони Канада дар ин замина “пурсишҳое доранд ва сазовори дарёфти посух онҳо ҳастанд.” Ӯ итминон дод, ки Канада “ё аз тариқи ҳампаймонони худ ё ба таври мустақим дар таҳқиқот мушорикат хоҳад кард.” Ба гуфтаи ӯ Канада тахассуси болоӣ дар ин замина дорад. 

Ҳавопаймои украинӣ бомдоди чаҳоршанбе ҳаштуми январ дар минтақаи Маҳмудободи Шаҳриёр ва наздики шаҳраки Паранд дар ҷанубу ғарб Теҳрон суқут кард. 

Раиси созмони ҳавопаймоӣ дар бораи пайдо шудани ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймоии садамадида гуфт: “Дастгоҳҳои сабт ва забти иттилооти парвозӣ (ҷаъбаи сиёҳ) пайдо шуда ва таҳвили масъули баррасии садама шудааст. Мустанадот ва шавоҳиди сайт баррасӣ ва сабт ва қатаоти боқимондаи ҳавопаймо ҷамъоварӣ шуда ва ба маҳаллӣ амн мунтақил шуд.” 

Обидзода дар идома хотирнишон кард, ки ҷаъбаҳои сиёҳи ҳавопаймо шомили дастгоҳи сабти иттилооти парвозӣ ва дастгоҳи забти садои кобини халабон тавассути авомили таҷассус ва наҷот пайдо шуда ва дар ихтиёри тими баррасии садама қарор гирифтааст. Ў аммо таъкид кард ҳар ду дастгоҳ дар асари садама ва оташсӯзӣ осеб дидаанд. Ќисмати ҳофизаи ҳар ду дастгоҳ вуҷуд дорад, аммо осеби физикӣ бар рӯйи онҳо қобили мушоҳидааст. 

Раиси созмони ҳавопаймоӣ таъкид кард, ки тими баррасии садама “мутобиқ бо стандартҳои замимаи шумораи 13 паймони Чикаго” аз тамоми кишварҳое зинафъ даъват кардааст то нисбат ба муаррифии намояндагони худ дар фароянди баррасии сониҳа иқдом кунанд.ба гуфтаи ин мақоми эронӣ ҳайати тахассусии Украина ба зудӣ озими Эрон мешавад. 

Алексей Данилов, дабири шӯрои амнияти миллии Украина дар сафҳаи файсбукии худ навишт: “Гурӯҳи таҳқиқи украинӣ дар назар дорад барои ёфтани бақимондаи як мушаки русӣ маҳалли суқути ҳавопайморо ҷустуҷӯ кунад.”

Данилов тасреҳ кард, ки гурӯҳи таҳқиқи украинӣ эҳтимолоти мутафовитеро баррасӣ хоҳанд кард; Нуқси фаннӣ, инфиҷори мотор, иқдоми террористӣ ва ё эҳтимоли ҳамлаи мушакӣ. 

Халабон шароити ғайри маъмул гузориш надода 

Раиси созмони ҳавопаймоӣ таъид кардааст, ки “ҳич паёми радиоӣ тавассути халабон дар хусуси шароити ғайримаъмуле дарёфт нашуда” вале мутобиқи гузоришҳои шоҳидони айнӣ “оташсӯзӣ дар ҳавопаймо мушоҳида шуда” аст. 

Ба гуфтаи раиси созмони ҳавопаймоӣ “ҳич паёми радиоӣ тавассути халабон дар хусуси шароити ғайри маъмул дарёфт нашуда” вале мутобиқи гузоришҳои шоҳидони айнӣ “отшсӯзӣ дар ҳавопаймо мушоҳида шуда” аст. Ў ҳамчунин гуфт ҳавопаймо ибтидо ба самти ғарб дар ҳоли хурӯҷ аз маҳдудаи фурудгоҳ буда, пас аз бурузи мушкил ба самти рост гардиш карда ва дар замони суқут дорои хатти сайре дар масири бозгашт ба фурудгоҳ будааст. 

Ӯ таъкид кард: “Иттилоъи аввалия барои кишварҳои Украина ба унвони кишвари маҳалли сабти Амрико, Иёлот муттаҳида ба унвони кишвари созанда, Шветсия ва Канада ба унвони кишварҳои мутақозе, ки миллати  онҳо дар ин ҳавопаймо буданд, содир шудааст.”

Раиси созмони ҳавопаймоӣ Эрон рӯзи бурузи садама вале эълом карда буд, ки ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймои украинӣ ба Амрико дода нахоҳад шуд. Ба гуфтаи ин мақоми эронӣ тибқи қавонин ва муқаррароти байналмилалӣ танҳо марҷаъи баррасӣ ва изҳори назар дар ин хусус кумитаи баррасии садама аст, ки дар Эрон фаъолият мекунад. 

Дар ин миён “ҳайъати амнияти нақлиёт”-и Канада эълом кардааст, ки коршиносеро барои баррасӣ ва назорат бар ин таҳқиқот баргузидааст. 

Канада аз соли 2012 робитаи дипломатикӣ бо Эрон надорад. Маъмулан Италия нақши робитаи байни ду кишварро ифо мекунад. 

Трюдо дар посух ба савол дар робита бо эҳтимоли иртиботи суқути ҳавопаймо ва ҳамалоти мушакии Эрон ба Ироқ гуфт, ки “ҳануз барои ҳадсу гумон хеле зуд аст.” Ӯ гумоназанӣ дар ин марҳаларо “хатарнок” хонд. 

Масири бархӯрди ҳавопаймо нишондиҳандаи ин аст, ки ҳавопаймо, ки ибтидо ба самти ғарб дар ҳоли хурӯҷ аз маҳдудаи фурудгоҳ буда, пас аз бурузи мушкил ба самти рост гардиш карда ва дар замони суқут дорои хатти сайри дар масири бозгашт ба фурудгоҳ будааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *