Рубрики Pressa

Тафсилоти музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Русия


Музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Русия сипас дар мулоқоти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

“Русия барои Тоҷикистон яке аз шарикони асосии сиёсию иқтисодӣ мебошад”, – изҳор дошт дар оғози музокирот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар идома Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки “мо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, ҳамчунин, дар бахши амният ҳамкории наздик дорем”.

Бо ёдоварӣ аз ҷаласаи чанде пеш баргузоршудаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки бисёр масъалаҳо дар доираи кори ин комиссия ҳалли худро меёбанд.

Таъкид гардид, ки санадҳои имрӯз имзошаванда низ ба рушди ҳамкории барои ҳарду кишвар судбахш такони нав мебахшанд.

Гуфтушунидҳои сатҳи олии Тоҷикистону Русия доираи васеи масоил аз соҳаҳои энергетика, бахшҳои гуногуни саноат, сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва иқтисоди рақамӣ то илму маориф ва амнияту мудофиаро фаро гирифтанд.

Дар ин замина ба омода намудани кадрҳо ва мутахассисони дараҷаи баланди соҳаҳои гуногун ва ҳамчунин, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва густариши робитаҳои байниминтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Имконоти тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои истихроҷи маъдан ва саноати коркард, бахусус коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ ва тавлиди масолеҳи сохтмонӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дошт.

Густариши долонҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, таъмини устувории шабакаҳои боркашонӣ, рушди ҳамкорӣ дар самти иқтисодиёти рақамӣ ва татбиқи технологияҳои нав дар мадди назар қарор гирифт.

Ҳамоҳангӣ ва ҳамкории зичи мақомоти ҳифзи ҳуқуқу мудофиа ва хадамоти махсуси ду кишвар дар самти таъмини амният, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва идеологияи радикалӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, таҳдидҳои киберӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромарзӣ бо қаноатмандӣ таъкид гардид.

Изҳори бовар карда шуд, ки густариши шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия ба нафъи мардумони ҳарду кишвар ва таҳкими сулҳу суботи дарозмуддат дар минтақа хизмат хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *