Аз 15 то 20 октябр дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои синамои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегарданд.
Тавре аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд, 15 октябр дар Душанбе Рӯзи синамои Эрон доир мегардад. Дар доираи он филмҳои ҳунарии «Шаҳсавор», «Ғариза», «Пул дар рӯйи рӯдхонаи хурд», «Ҳикояи кут», «Хусрав 127», «Бешаҳрвандӣ», «Бозии тақдир» ва «Беохир» намоиш дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои кинои Эрон, Қирғизистон ва Русия дар доираи Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе – «Тоҷи Сомон» баргузор мегарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube