Рубрики Pressa

Ҳамсабақи Президент. Дидор баъди 56 сол


Бо Сайфиддин Рустамов – ҳамсабақи Президенти кишвар дар деҳа вохӯрдам. Чанде пеш, зимни сафари Пешвои миллат ба шаҳри Панҷакент нахустин дидори ду ҳамсабақ баъди 56 сол баргузор шуд. Дар эфири телевизионӣ ҳамагӣ чанд дақиқа аз он лаҳза нишон дода шуд, вале онҳое, ки дар он вохӯрӣ буданд, аз мулоқоти гарму самимии ду ҳамсабақ мегуфтанд…

Кӯҳ ба кӯҳ намерасад…

Суоли нахустинам аз Сайфиддин Рустамов ин буд:

– Сарвари кишвар шуморо чӣ тавр пазируфтанд?

– Қабл аз суҳбат бисёр ҳаяҷон доштам. Фикр мекардам, ки баъди 56 сол чӣ гуна бо ҳам вомехӯрда бошем? Оё Пешвои миллат маро ба ёд меоранд? Боз худамро таскин медодам, ки наход ба ёд наоранд, дар як парта менишастем, дӯстони хуб будем… Хулоса, вақте навбати сухан гуфтани ман расид, чанд ҷумла хондаму ҳаяҷонам баланд шуд. Пешвои миллат гуфтанд, ки наздик биё, туро шинохтам. Бо ман бисёр меҳрубон буданд, худашон ба наздам фаромаданд. Гуфтанд: “Баъди 56 сол мо ба дидори ҳам расидем. Бубинед, “кӯҳ ба кӯҳ намерасад, одам ба одам мерасад”. Пешвои миллат аз хотираҳои даврони ҷавонӣ нақл карданд, бо ман бисёр меҳрубон буданд…

Соли 1969 Сайфиддин Рустамов бо роҳхати совхози “Марғедар” ба Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №40-и шаҳри Калининобод дохил шуда, дар гурӯҳи №10 аз рӯйи ихтисоси “Челонгари асбобҳои барқӣ – санҷишӣ ва автоматика” бо Эмомалӣ Раҳмон таҳсил кард. Дар соли дуюми таҳсил Сайфиддин Рустамов сардори гурӯҳ таъйин мешавад. Онҳо, 27 нафар соли 1971 омӯзишгоҳро хатм мекунанд.

– Аз даврони донишҷӯйӣ чӣ хотирот доред?

– Хотира зиёд аст, зеро донишҷӯйӣ даврони тиллоии умр мебошад. Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон даврон аз дигарон фарқ мекарданд. Аввал – ҷавони боқувват буданд, дуюм – боадолат, сеюм – аҳли мутолиа. Китобҳои бадеиву таърихӣ мехонданд. Боре гуфтанд, ки ният доштанд, ба факултаи шарқшиносӣ дохил шаванд, вале имкон нашудааст…

Аз Сайфиддин Рустамов пурсидам, ки чаро ин қадар сол талош накарданд, ки бо Пешвои миллат вохӯранд?

Посухи эшон чунин буд:

– Вақте ки Ҷаноби Олӣ аввал депутати Шурои Олӣ шуданд ва баъдан зимоми идораи кишварро ба даст гирифтанд, банда бо ифтихор фаъолиятҳои эшонро пайгирӣ мекардам, вале ба худам муносиб намедидам, ки барои дидору мулоқот бо эшон талош кунам. Охир, эшон сарвари кишвар ҳастанд ва миллион ташвиш доранд. Вале соли 2017 вақте дар Кони тиллои Сангвор сардори бахш шуда кор мекардам, Ҷаноби Олӣ барои бозкушоии коргоҳи нав ба коргоҳи мо ташриф оварданд. Он вақт эшонро аз дур дида, ба ҳамкорон гуфтам, ки эшон ҳамсабақи ман ҳастанд. Сардорамон гуфт, ки чаро қаблан нагуфтед, ки вохӯрии шуморо бо он кас ташкил мекардем…

Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №40 ҳоло Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аст. Соли 2022 дар ин муассиса Осорхонаи Пешвои миллат таъсис меёбад.

Сайфиддин Рустамов мегӯяд:

– Як рӯзи соли 2022 дар хона телевизор тамошо мекардам, ки аз Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант гузориш пахш карданд. Аввал диққат надодам, чун намедонистам, ки ҳамин омӯзишгоҳи мост. Вале як ҳамсабақамон осорхонаи навтаъсиси Пешвои миллатро муаррифӣ карда, номи маро ҳам гирифт ва ҳуҷҷатҳои маро нишон дод. Дар ҳайрат мондам ва роҳ пеш гирифтам ҷониби Левакант. Ҳамин тавр, осорхонаро тамошо карда, нусхаи диплом, ҳуҷҷатҳо ва аксҳоямро дида, ҳайратзада шудам. Суроғаи ҳамсабақонро гирифта, чанд нафари онҳоро пайдо кардам, аз ҷумла, Холов Нурмуҳаммад, Ҳабибуллоев Хол, Ҳусейнов Нарзулло, Баротов Давлат, Мерганов Хайрулло ва равуои мо оғоз шуд…

Сайфиддин Рустамов аз он шукргузор аст, ки билохира бо ҳамсабақонаш робита пайдо кард. Махсусан, аз дидор бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки замоне дар як парта менишаст, ифтихор мекунад.

– Ман аз фурсат истифода бурда, аз раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва аз раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода миннатдорам, ки маҳз бо талоши эшон бо Пешвои миллат вохӯрдам. Ин ду нафар пайравони воқеии Пешвои миллат ҳастанд,- мегӯяд Сайфиддин Рустамов.

Сайфиддин Рустамов умедвор аст, ки бори дигар имкон пайдо мешавад, ки бо Президенти кишвар ва ҳамсабақони дигараш дар Осорхонаи Пешвои миллат, ки замоне синфхонаи онҳо буд, бо ҳам меоянд.

Бобоҷони Неъматулло

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *