Марзбони қирғизи ҳангоми муноқиша дар марз ҳалокшуда бо медал қадрдонӣ шуд ва ҳамчунин ба оилаи онҳо барои харидани манзил беш аз 28 ҳазор доллар маблағ ҷудо гардид. Ҷониби Тоҷикистон ба ҳеҷ шаҳрванди ҷабрдидааш дар муноқишаҳои марзӣ то ҳол кӯмаке накардааст.
Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба ҳамсари марзбон Равшан Муминов, ки моҳи сентябр зимни муноқиша дар сарҳад бо Тоҷикистон ҳалок шуд, медали “Эрдик” (Ҷасорат) супурд.
Дар ин бора хабаргузории хабар дода менависад, президенти Қирғизистон ба Муҳайё Муминова, ҳамсари марҳум ҳамдардӣ изҳор намуда, қайд кард, ки Равшан Муминов баҳри ҳифзи марзҳои кишвар ҷон бохт. Медал пас аз марг барои ҷасорату шуҷоат ҳангоми иҷрои қарзи ҳарбӣ тақдим шудааст.
Ҳамчунин ба оилаи Муминовҳо, ҳамсару се фарзанд ва модари пираш барои харидани манзил 2 млн. сом муодили 28 ҳазору 600 доллар маблағ ҷудо шуд.
Муноқишаи охир дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон 16-уми сентябр бо истифода аз силоҳ рух дод. Дар натиҷа се низомии Тоҷикистон ва як сарбози Қирғизистон ҳалок шуданд. Ҳамчунин аз ду ҷониб сокинони осоишта ҷароҳат бардоштанд. Ғайр аз ин, боз 5 нафар сарбозу афсари Тоҷикистон ҷароҳат бардоштанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон низ аз 13 нафар захмишудагон хабар дод.
Ҷониби Тоҷикистон то ҳол, дар ин ду даҳсолаи баҳсҳои марзӣ бо қирғизҳо а ҳеҷ ҷабрдидае ҷуброн пардохт накардааст. Дар муноқиша бо ҳамсояҳо даҳҳо сокини ноҳияҳои Исфараву Бобоҷон Ғафуров ҷони худро аз даст додаанд ё хонаҳояшон сӯхтаву вайрон карда шудааст. Баръакс, мақомоти амниятиву интизомии Тоҷикистон ба ҷои дастгирии онҳое, ки аз марзу бум ва хонаҳояшон дифоъ мекунанд. онҳоро таъқиб мекунад.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Дар ин ҳолат 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешаванд. Аз оғози соли 2019 дар сарҳади давлатҳо беш аз 10 низоъ, аз ҷумла, бо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст.