Русия ва Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд, ки намояндагиҳои расмии мақомоти қудратӣ ва муҳоҷиратро дар қаламрави якдигар таъсис диҳанд.
Дар асоси ин тавофуқ, дар шаҳри Душанбе намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия ва дар шаҳри Москва намояндагиҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон фаъолият хоҳанд кард.
Вазифаи аслии ин ниҳодҳо таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ҷинояткории фаромарзӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, танзими раванди муҳоҷират мебошад. Илова бар ин, намояндагиҳо бо қабули шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо, кумак ба ҳалли мушкилоти ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ машғул хоҳанд шуд.
Вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев изҳор дошт, ки пас аз имзо ва расмӣ шудани созишнома, ҳамаи тартиботи зарурӣ амалӣ хоҳанд шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube