Ба хотири таъмини фароғату истироҳати сокинон дар ноҳияи Ёвон бунёди боғи Парчами давлатӣ шуруъ шудааст. Боғи мавриди назар дар майдони бештар аз як гектар бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатманд сохта хоҳад шуд.
Темур Раҷабзода, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Ёвон дар суҳбат ба Pressa.tj гуфт, ки замин барои бунёди боғи Парчами давлатӣ дар маркази ноҳия ҷудо шудааст. Ӯ мегӯяд, дар баробари насби Парчами давлатии кишвар дар боғ, гулгашт, фаввора ва курсӣ гузошта мешавад. Баъди ба охир расидани корҳои сохтмонӣ боғи Парчами давлатӣ макони хуби истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки дар ноҳияи Ёвон ба хотири истиқболи 30 – солагии Истиқлоли давлатии кишвар бунёди беш аз 560 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз, 503 биною иншоот сохта ба истифода дода шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube