Дар чаҳорчӯбаи сафари расмӣ ба Тоҷикистон Муовини Раиси Ҳукумати ФР – Роҳбари Дастгоҳи Ҳукумат Дмитрий Григоренко, ки бо ҳайати васеи кории Русия ба Тоҷикистон ташриф овардааст, як қатор вохӯриҳо, аз ҷумла вохӯриро бо директори ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников доир намуд.
Зимни гуфтушунидҳо тарафайн самтҳои асосии ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонӣ ва ҷорисозии имкониятҳои технологии русиягӣ баҳри рушди соҳаи телекоммуникатсионии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Анатолий Изюмников қайд намуд, ки ширкат бо IT-ширкатҳои Русия, ки маҳсулоти таҳиякардаашон ба МегаФон Тоҷикистон дар рушди хизматрасониҳои рақамӣ мусоидат мекунанд ва сатҳу сифати баланди алоқаро таъмин менамоянд, ҳамкории стратегиро ба роҳ монда истодааст. Дар байни ҳамкорони асосӣ — Nexign, Protei, “Связьком”, инчунин Маркази мониторинг ва эътинои фаврӣ ба қазияҳои бехатарии иттилоотӣ (SOC).Истифодаи маҷмӯии ин имкониятҳо дар ошкоркунӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии кибертаҳдидҳо дар ҳамаи сатҳҳои шабакаи корпоративӣ кӯмак мерасонад. Дар баробари ин, МегаФон Тоҷикистон SOC-ро на танҳо барои эҳтиёҷоти худ истифода мебарад, балки инчунин имкониятҳои пешрафтаи онро оид ба таъмини амнияти кибернетикӣ ба дилхоҳ ташкилотҳои Тоҷикистон пешниҳод хоҳад кард.
“Мо пайваста кӯшиш менамоем, технологияҳоеро роҳандозӣ кунем, ки ба ҳар як сокини кишвар дастрас бошанд. Якҷоя бо шарикони русиягӣ мо дурнамои рушди иқтисоди инноватсиониро амалӣ менамоем ва алҳол сӯи ояндаи рақамии Тоҷикистон ҳаракат дорем”, – қайд намуд директори генералии ширкат Анатолий Изюмников.
Диққати махсус зимни мулоқот ба рушди хизматрасониҳои рақамӣ, ки ба баландшавии сатҳи қулайнокӣ ва сифати ҳаёти истифодабарандагон мусоидат менамоянд, равона карда шуд. Яке аз лоиҳаҳои муҳимтарини ширкат замимаи нодири мобилии “МегаФон Life” маҳсуб меёбад, ки он аз ҷониби оператор мустақилона таҳия гардида, шабеҳи он ҳоло дар кишвар вуҷуд надорад. Аз замимаи мазкур аллакай миллионҳо сокинони Тоҷикистон истифода мебаранд.
SuperApp-и “МегаФон Life” тамоми хизматрасониҳои заруриро муттаҳид кардааст: амалиёти молиявӣ, пардохти маблағи хизматрасониҳои давлатӣ ва коммуналӣ, идоракунии ҳисоб – ҳамаи ин дар як замимаи қулай ва бехатар.
МегаФон Тоҷикистон инчунин фаъолона технологияҳои зеҳни сунъиро роҳандозӣ менамояд. Ҳамин тавр, чат-боти зеҳнии Dono AI ба муштариён дар ҳалли масъалаҳои рӯзмарра – аз тафтиши тавозун то пайвасткунии хизматрасониҳо кӯмак мерасонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube