Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен дар гузориши солонааш чанд мушкили асосии паноҳҷӯёнро дар Тоҷикистон зикр карда, хоҳони ҳалли онҳо шудааст.
Ба гузориши Ваколатдор, «ба даст овардани мақоми гуреза, гузаштан аз бақайдгирии муваққатӣ, ҳамгироии маҳаллӣ, шуғл, таҳсил ва гирифтани маълумотнома аз ҷойи зист» аз мушкилиҳои аслии паноҳҷӯён дар Тоҷикистон аст.
«Механизми амалисозии ҳамгироии гурезаҳо, гирифтани ёрдампулӣ ва дигар навъи кумак, иҷрои принсипи берун накардан, пешниҳоди муроҷиат оид ба гирифтани паноҳгоҳ дар сарҳад… таҳия ва роҳандозӣ нашудааст», — омадааст дар гузориши Ваколатдор.
Мақомот ба гузориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вокуниш накардаанд. Дар як соли ахир, бахусус моҳи июли имсол чандин мавриди ихроҷи омавии паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Тоҷикистон расонаӣ шуд. Хадамоти марзбонии Тоҷикистон 19-уми июл бо пахши изҳороте ихроҷи муҳоҷирони афғонро аз Тоҷикистон тасдиқ кард ва сабабҳои онро шарҳ дод. Идораи марзбонӣ бидуни овардани омори дақиқ танҳо гуфт, бархе аз ин паноҳҷӯён «ғайриқонунӣ» вориди Тоҷикистон шудааанд ва шуморе аз онҳо «низоми муқарраргаштаи будубошро дағалона вайрон мекунанд».
Изҳорот дар ҳоле пахш шуд, ки муҳоҷирони афғонистонӣ гуфтанд, аз роҳҳои қонунӣ вориди Тоҷикистон шуда, бархеашон корти гурезагӣ ҳам доштанд.
Омбудсмен ба ихроҷи густурдаи муҳоҷирони афғонистонӣ аз Тоҷикистон ишорае накарда танҳо гуфтааст, соли 2024 «мақоми гурезагии 4 нафар бинобар сабаби пешниҳод намудани маълумотҳои беасос ва бардурӯғ рад карда шудааст». Аммо дар ин бора шарҳи бештар дода нашудааст.
Тибқи омори ахири мақомоти Тоҷикистон «соли 2024 ба 2 280 нафар шаҳодатномаи гуреза ва ба 2 591 нафар шаҳодатномаи муваққатӣ дода шудааст».
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба мақомоти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки қонунгузорӣ оид ба гурезаҳо такмил карда, барномаи давлатии ҳамгироии паноҳандаҳо қабул карда шавад.
Дар гузашта Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки паноҳҷӯёни афғонистониро ихроҷ накунанд, зеро эҳтимол дорад дар кишварашон бо озору азият рӯбарӯ шаванд.
Бино ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон 9 ҳазор шаҳрванди Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо мегӯянд, ки аз тарси «Толибон» ба Тоҷикистон фирор кардаанд.