Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро қабул карданд. Дар асоси он шаъну шарафи омӯзгор, дахлнопазирии касбии фаъолияти ӯ, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва кафолатҳои касбии муаллим ҳимоя карда мешавад.
Қонуни мазкурро имрӯз, 15-уми октябр вакилон дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул кардаанд.
Таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” баъди дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли гузашта шуруъ шуда буд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” аз 6 бобу 16 модда иборат аст. Бархе нукоти муҳими қонунро аз рӯйи лоиҳаи он манзури шумо мегардонем.
Шаъну шарафи омӯзгор
Дар қонун нуктаҳои муҳим, аз ҷумла, эҳтироми шаъну шарафи омӯзгор, дахлнопазирии касбии фаъолияти омӯзгор, ҳуқуқу уҳдадориҳои омӯзгор, кафолатҳо барои омӯзгор ва вазоифи мақомоти давлатӣ нисбат ба омӯзгорон дарҷ шудаанд.
Дар моддаи 4-и қонун зикр шудааст, ки шаъну шарафи омӯзгор дахлнопазир буда, эҳтироми он аз ҷониби давлат ва ҷомеа таъмин карда мешавад. Инчунин амалҳое, ки бевосита ё бавосита ба паст задани шаъну шарафи омӯзгор равона шудаанд, манъ аст.
Ҳамчунин, дар қонун омадааст, ки омӯзгорон ҳақ доранд аз роҳбарияти муассисаи таълимӣ таъмини шароити зарурӣ, аз хонандаҳо ва волидайни онҳо муносибати боэҳтиромонаро талаб кунанд.
Аз хизмати ҳарбӣ то нафақа
Инчунин, дар қонун таъкид шудааст, ки дар давраи фаъолияти омӯзгорӣ онҳо метавонанд хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро тибқи қонунгузорӣ ба таъхир гузоранд.
Зикр шудааст, ки омӯзгорон новобаста ба нафақа баромадан ҳуқуқи ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул шуданро доранд.
Тибқи ин қонун ба омӯзгорон аз ҷониби давлат фаъолияти озоди касбӣ кафолат дода шуда, онҳо бо маводи таълимӣ, методӣ, айёниятҳо, воситаҳои техникӣ ва лавозимоти дигари таълимӣ таъмин карда мешаванд.
“Ҷалб кардани омӯзгор ба кору намудҳои фаъолияте, ки бо раванди таълиму тарбия алоқаманд нестанд, манъ аст. Фаъолияти касбии омӯзгор танҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва назорати соҳаи маориф ва илм мавриди санҷиш ва назорат қарор дода мешавад”,- омадааст дар қонун.
Пулҷамъкунӣ манъ аст!
Мақомоти дахлдор муваззаф гардидаанд, ки омӯзгоронро ба кору фаъолияте, ки ба раванди таълиму тарбия вобаста намебошад, ҷалб накунанд.
“Омӯзгорон ба хариду фурӯши либоси мактабӣ, даъват ба хизмати ҳарбӣ, ҷамъоварии маблағҳо барои андозҳо, обунаи рӯзномаю маҷаллаҳо, фурӯши чиптаҳои чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ, фаъолияти кишоварзӣ ҷалб карда нашаванд”,- зикр шудааст дар қонун.
Бар илова, омӯзгор уҳдадор аст, ки “барои таҳсил, таъмир, обунаи нашрияҳо, гузаронидани дарсҳои кушод, зодрӯзи омӯзгор, занги камолот, рӯзи омӯзгор, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм, театр, кино, корҳои ободонӣ, харидани маводи таълимӣ, методӣ, айёниятҳо, воситаҳои техникӣ ва лавозимоти дигари таълимӣ аз хонандагон маблағ талаб накунад”.
Дар зимн, мақомот ҳақ надоранд аз худи омӯзгор ҳам “барои обунаи рӯзномаю маҷаллаҳо, чиптаҳои чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ, таъмири мактаб, харидани маводи таълимӣ, методӣ, айёниятҳо, воситаҳои техникӣ ва лавозимоти дигари таълимӣ” маблағ талаб кунанд.
Имтиёз ба омӯзгор
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” ба омӯзгорон чанд имтиёз додааст. Аз ҷумла, омӯзгорони муасисаҳои давлатии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз пардохти андози замин озод мебошанд.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки ба омӯзгорон ҳар сол барои пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда 75 сомонӣ аст) маблағ дода мешавад.
Ҳамчунин, омӯзгорон бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ қадрдонӣ шуда, ҳар сол дар мактабҳо озмуни “Омӯзгори намунавии муассисаи таълимӣ” баргузор ва ба ғолибон туҳфа ва маблағи пулӣ супорида мешавад.
Зикр шудааст, ба омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна, ки шогирдонашон дар олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои 1, 2 ва 3-юмро мегиранд, иловапулӣ ба андозаи 20% музди меҳнаташон давоми як соли таҳсили минбаъда бояд пардохт карда шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube