Рубрики Pressa

Дар Душанбе як шабонарӯз оби нӯшокӣ қатъ мегардад


Дар Душанбе бинобар корҳои таъмиру профилактикӣ дар шабакаҳои обтаъминкунӣ, аз соати 23:00 рӯзи 16 октябр то соати 23:00 рӯзи 17 октябр таъмини оби нӯшокӣ муваққатан боздошта мешавад.

Минтақа  ва кӯчаҳои зерин давоми 24 соат бе оби нӯшокӣ мемонанд:

📍ноҳияи Сино – кӯчаҳои 9, 11, 12, 13, 14, 15А, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, маҳаллаҳои Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, микроноҳияҳои Меҳробод, М. Ҳамадонӣ, Навобод (қисмҳои боло ва поён), Буни-Ҳисорак, Деҳиболо, Шараф, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоб (қисмҳои боло ва поён), Қазоқон-1 ва 2, Мовароуннаҳр, Камонгаран, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Зафар, Чавлибой, Гидждалабод ва кӯчаи Бобо Ҳамдам.

Аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки пешакӣ оби нӯшокӣ захира кунанд, то дар вақти анҷоми корҳои таъмирӣ аз норасоии об дучори нороҳатӣ нагарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *