15 октябри соли 2025 дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон нахустин “Форуми сулҳи Фарғона” баргузор гардид. Ҳадафи асосии ин ҳамоиш таҳкими дӯстӣ, мустаҳкам намудани ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши ҳамкории байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар форум раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, раиси вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон Айбек Шаменов, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, соҳибкорон ва намояндагони дигар кишварҳои минтақа иштирок карданд.
Дар маросими ифтитоҳ, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров суханронӣ намуда, саҳми сарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро дар таҳкими дӯстии халқҳо ва рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақа арзишманд арзёбӣ кард. Ӯ зикр намуд, ки баргузор шудани форум дар асоси созишномаҳои байниҳукуматии сарони се кишвар, ки 31 марти соли ҷорӣ дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида буданд, сурат гирифта, ба рушди минбаъдаи муносибатҳо такони нав хоҳад бахшид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар суханронии худ таъкид намуд, ки “Форуми сулҳи Фарғона” халқҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро боз ҳам наздиктар месозад. Ӯ ҳамчунин ҳамкориҳои васеи вилояти Суғдро бо вилоятҳои Андиҷон, Намангон, Сирдарё, Тошканд ва дигар минтақаҳои Ӯзбекистон, инчунин бо вилояти Ботканди Қирғизистон ёдовар шуд.
Раҷаб Аҳмадзода зикр кард, ки пас аз боз шудани сарҳадҳо, ҳамарӯза ҳазорҳо шаҳрванд ба вилояти Суғд барои сайру саёҳат, дидорбинии наздикон ва пешбурди тиҷорату ҳамкорӣ меоянд, ки ин аз сатҳи баланди эътимод ва дӯстии байни халқҳои ҳамсоя шаҳодат медиҳад.
Раиси вилояти Ботканд Айбек Шаменов низ дар суханрониаш иброз дошт, ки сиёсати хирадмандонаи сарони се кишвар дӯстии халқҳои Осиёи Марказиро рӯз то рӯз тақвият мебахшад.
Дар интиҳои форум таъкид шуд, ки “Форуми сулҳи Фарғона” барои густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, чорводорӣ, илм, маориф ва сайёҳӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube