Рубрики Pressa

Тоҷикистону Ӯзбекистон гардиши тиҷоратро ба 1 миллиард мерасонанд


Интизор меравад, ки соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба беш аз 1 миллиард доллар расад. Ин нишонаи тавсеа ёфтани муносибатҳои иқтисодии ду кишвар аст ва аз афзоиши содироту воридоти молу маҳсулот шаҳодат медиҳад.

Тибқи маълумоти расмӣ, Ӯзбекистон дар соли 2024 ба Тоҷикистон ба маблағи 540 миллион доллар мол содир намудааст. Аз ин шумора, сӯзишвории маъданӣ ва равғанҳо 70,44 миллион доллар, нуриҳо 46,47 миллион доллар, оҳан ва пӯлод 41,01 миллион доллар ва партовҳои саноати хӯрокворӣ 39,81 миллион долларро ташкил медиҳанд. Дар соҳаи мошинсозӣ бошад, ҳаҷми муомилоти содиротӣ ба 37,87 миллион доллар расидааст.

Маблағи содиротии маҳсулоти гуногуни пластмасса низ қобили таваҷҷуҳ буда, 36,95 миллион долларро дар бар мегирад.

Бино ба маълумоти Вазорати сармояҳо, тиҷорат ва саноати Ӯзбекистон, гардиши мол миёни ду кишвар дар моҳҳои январ–апрели соли гузашта 198,1 миллион долларро ташкил додааст. Аз ин миқдор, 145,8 миллион доллар ба содирот аз Ӯзбекистон ва 52,3 миллион доллар ба воридоти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рост меояд.

Ёдовар мешавем, ки дар мулоқоти сарварони ду давлат, ки 9 октябр дар шаҳри Душанбе доир гардид, ба масоили густариши ҳамкориҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Дар ин дидор масъалаҳои мубрами таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мирасрор Аҳроров,
шаҳри Тошканд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *