(Идома аз мақолаи “Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд”)
Соли 1990 саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ба баҳори серборишу селоварро мемонд, ки бо як нафаси тунд дарахтонро ба ларза меовард. Кӯчаю паскӯча пур аз овозҳо, шиорҳо ва ваъдабозиҳо буданд. Ҳавзаҳои интихоботӣ як ба як ба майдонҳои набард табдил меёфтанд. Ҳизби наҳзати исломӣ, демократҳо, ҳаракати «Растохез» ҳама бо нерӯи тоза ва орзуҳои дерпинҳон ба майдон омаданд.
Интихоботи Шӯрои Олӣ на танҳо маъракаи сиёсӣ, балки як санҷиши сахт барои ҷомеа буд. Онро метавон вазнинтарин интихобот дар таърихи навини Тоҷикистон номид. Зеро дар пасманзари пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳама чиз ноустувор менамуд: сиёсат, иқтисод, зиндагии ҳаррӯзаи мардум.
Ҳар гурӯҳ роҳи худро меҷуст: яке бо ваъдаҳои молу мулк ва ҷойи кор, дигаре бо шиорҳои осмонкафу ҳангомаангез, сеюмӣ бо маъвоҳои диниву рӯй овардан ба ибодат, чорумӣ бо даъвои демократия ва озодӣ. Мардум ҳайрону ошуфта буданд: ба кӣ бовар кунанд?
Дар кӯчаҳо овезаҳою лавҳаҳои рангоранг мисли парчамҳои ҷангӣ ба шиддат ларзиш мехӯрданд; дар хонаҳо баҳсу мунозира то ба тафриқа мерасиданд, дар корхонаҳо радду бадал барои пуштибонӣ аз ин ё он гурӯҳ оқибат бо кашмакаш анҷом меёфт.
Ҳамаи ин зери таъсири таблиғоти беҳадаф сурат мегирифт. Душанбе гӯё ба майдони бузкашии беқоида табдил ёфта буд: ҳар кас савори асп, ба майдон даромада, бузкашӣ мекард.
Ин манзараи парешониву нооромӣ, ки онро баъдтар бо номи «демократия» таъбир мекарданд, мардумро то ба хонавайронӣ расонд. Хусусан дар маъракаҳои интихоботӣ, ин ошуфтагиву тафриқа равшантар ба чашм мерасид. Барҳам хӯрдани низоми устувори Шӯравӣ ҷомеаро ба ҳолате оварда буд, ки ҳар кас дар дил бо байти Ҳофизи Шерозӣ ҳамнаво мешуд:
Ин чи шурест, ки дар даври қамар мебинам,
Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам.
Мардумон рӯзи беҳӣ металабад аз айём,
Мушкил он аст, ки ҳар рӯз батар мебинам.
Аблаҳонро ҳама шарбат зи гулобу қанд аст,
Қутти доно ҳама аз хуни ҷигар мебинам.
Аспи тозӣ шуда маҷрӯҳ ба зери полон,
Тавқи заррин ҳама дар гардани хар мебинам.
Духтаронро ҳама ҷанг асту ҷидол бо модар,
Писаронро ҳама бадхоҳи падар мебинам.
Ҳеҷ раҳме на бародар ба бародар дорад,
Ҳеҷ шафқат на падарро ба писар мебинам.
Панди Ҳофиз шунав эй Хоҷа бирав некӣ кун,
Ки ман ин панд беҳ, аз дуру гуҳар мебинам.
Боре сари дастархон бо як хешам, ки ҷонибдори номзади мухолифи Муродуллоҳ Шерализода буд, рӯ оварда пурсидам:
Ба тарафдории кӣ овоз медиҳӣ?
Ӯ номзадеро ба забон овард, ки ҳарифи Шерализода буд.
Боз пурсидам:
– Ту хеши ман ҳастӣ, мебоист номзадеро ҷонибдорӣ кунӣ, ки ман роҳбари штаби ӯ ҳастам. Сабаби чунин интихоб дар чист?
Ӯ бо виқор гуфт:
– Номзади интихобкардаи ман дар масҷид гуфт, ки: “Ёри бекас Худост”. Ман ҷонибдори бекас ҳастам.
Ман ба тааҷҷуб ӯ нигариста, гуфтам:
– Ин гап дурӯғ, сӯистифода аз эътиқоди ту аст. Ӯ на бекас асту на бепул.
Аммо ҳарчанд кӯшиш кардам, ӯро аз роҳаш баргардонидан натавонистам. Зеро суханоне, ки аз минбари масҷид садо медоданд, ба дили мардум роҳ ёфта, мисли оят дар зеҳнашон нақш мебастанд. Пас аз ҳафтод соли хомӯшии иҷборӣ ва маҳдудиятҳои сахти коммунистӣ нисбат ба дин, акнун ҳар сухани динӣ чун ҷавҳар медурахшид ва таъсири амиқ дошт. Масҷид дигар танҳо макони ибодат набуд, балки ба минбари бузурги сиёсӣ табдил ёфта буд, ки сарнавишти интихоботро муайян мекард.
Дар ҳамин вазъияти пурошӯб ва пурмоҷаро, мардум дар ҳавзаи интихоботии №109 шаҳри Панҷакент номзадии Муродуллоҳ Шерализодаро ба вакилӣ пешниҳод карданд. Номзаде, ки қалам ва суханро ҳамчун силоҳи ҳақиқат мешинохт, акнун дар майдони сиёсат бояд бо дасти холӣ, вале бо нерӯи сухан ва эътимоди мардум мубориза мебурд.
Лаҳзаи интихоб
Миёни он ҳама гирдоби бӯҳрону нооромӣ, вақте ки ҳар гурӯҳ бо шиорҳои хоси худ мардумро ба майдон мекашид, номи Муродуллоҳ Шерализода ҳамчун номзад ба вакилии мардумӣ аз ҳавзаи Панҷакент садо дод. Хабари пешниҳоди номзадияш, дар як дам фазои иттилоотиро фаро гирифт.
Ӯ маро назди худ хонд ва бо табъи на чандон болида гуфт:
– Як хоҳише дорам. Лутфан рӯйхати ҳамаи он шахсиятҳоро тартиб деҳ, ки аз ин ҳавза дар тӯли таърих ба сифати вакили мардум интихоб шуда буданд.
Ман розӣ шуда, ба ҷустуҷӯ пардохтам. Варақае тартиб додам, ки номҳои бузургтарин фарзандони миллат дар он дурахшиданд: устод Садриддин Айнӣ, падари адабиёти тоҷик; аллома Бобоҷон Ғафуров, муаррихи нотакрор ва муаллифи «Тоҷикон».
Вақте рӯйхатро ба дасти ӯ додам, Шерализода муддате ба коғаз нигарист, гӯё ҳар ном барои ӯ таърихи як наслро зинда мекард. Оҳе кашид ва ба андеша рафт:
– Чӣ гуна ман метавонам аз ҳавзае интихоб шавам, ки аллома Бобоҷон Ғафуров аз он ҷо вакил буданд?
Дар чеҳрааш ҳам эҳтиром ба гузашта эҳсос мешуд, ҳам андешаи фардо чи мешавад. Ман ӯро таскин додам:
– Шумо зодаи ҳамин диёр ҳастед, фарзанди ҳамин хок. Шахсияти фарҳангиву сиёсатмадор ҳастед. Агар мардум шуморо пешниҳод кардаанд, беҳуда нест. Имрӯз дар қатори шумо номзадҳое пешниҳод шудаанд, ки дасти чапро аз рост фарқ намекунанд, дурӯғ шиори онҳост.
Ӯ бо диққат гӯш кард, баъд сар ҷунбонд, гӯё бори сангине аз бағалаш афтода бошад, каме сабуктар шуд. Лаҳзае сукут ҳукмфармо гашт. Ниҳоят бо оромӣ гуфт:
– Имкони ширкат кардан дар ҳамаи маъракаҳои интихоботиро надорам. Аз шумо хоҳиш дорам, ки дар танзим ва пешбурди кор дар ҳавзаи интихоботӣ ба ман кумак расонед.
Ман ба ин пешниҳод розӣ шудам. Ҳамин тавр, роҳи нави мубориза оғоз ёфт: роҳи интихобот, ки аз имтиҳони сахти мардум, аз муҳокимарониҳои оммавӣ ва аз бархӯрди ғояҳо мегузашт. Ин дигар на майдони корзор бо силоҳ, балки майдони сухан, ақл ва эътиқод буд. Ҳар як калима метавонист шамшер гардад, ҳар як шиор сипар.
Аз ҳамон рӯз ман дарк кардам, ки муборизаи сиёсӣ на танҳо қувва, балки ҳунари шунидан, қонеъ кардан ва бардоштани бори масъулияти боварии мардумро талаб мекунад. Дар ҳар нишасту гирдиҳамоӣ, чеҳраҳои умедвору шубҳанок, нигоҳҳои синчакорона ба мо менигаристанд. Ин роҳ, гарчанде пурпечутоб, вале роҳи сарнавишти нав барои кишвар буд.
Оғози маъракаи интихоботӣ
Рӯзи дигар ман ба кор оғоз кардам. Пеш аз ҳама рӯйхати нуқтаҳои интихоботиро тартиб додам. Дар ин кор марҳум Умриқул Ҳақбердиев, Холмурод Шарифов, Тошбой Бобоев ва даҳҳо довталаби дигар, ки мехостанд дар паҳлуи Муродуллоҳ Шерализода бошанд, ба ман кумак мекарданд. Онҳо ҳам таҷрибаи роҳбарӣ доштанду ҳам кор бо мардумро хуб медонистанд. Мисли он буд, ки ҳанӯз ба ҳавза қадам нагузошта, мо аллакай як штаби пурқуввату муттаҳид ташкил дода будем.
Аммо мушкили асосӣ дар пеш буд: ду номзади дигар низ аз ҳамин минтақа ба майдон баромада буданд. Яке аз ҷамоати “Рӯдакӣ”, дигаре аз ҷамоати “Вору”. Ин эҳтимолро ба миён меовард, ки мардум тақсим шаванд ва бар асари беэҳтиётӣ ихтилоф ба душманӣ табдил ёбад.
Муродуллоҳ Шерализода пайваста таъкид мекард:
– Ба ин ҳаргиз роҳ надиҳед! Интихобот мегузарад, аммо мардум мемонанд.
Ӯ дуруст мефаҳмид, ки гурӯҳҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ мехостанд аз эътиқоду эҳсоси динӣ ҳамчун абзори таблиғ истифода баранд. Аз ин рӯ, бо қотеъият огоҳ мекард:
– Эътиқоди мардумро ба бозии сиёсӣ накашем! Масҷидро бо маъракаи сиёсӣ наомезем!
Бо чунин ҳидоятҳо мо корҳои худро ба тартиб оварда, харитаи маъракаи тарғиботиро омода кардем. Ҳар қадам андеша ва масъулият мехост. Кор осон набуд, вале таҷрибаи сиёсии Шерализода ба мо роҳнамоӣ мекард, гӯё чароғе буд, ки роҳи торики моро равшан месохт.
Дар бунбаст
Зимистони он сол қаҳратун омад. Шамол бо тундӣ мевазид, барф бо шидат меборид. Табиат ҳамаро ба пироҳани сарди сафед печонда буд. Он сармо ва сангинӣ то дер дар ёди мардум боқӣ монд. Ағбаи Анзоб роҳи наҷот ва пайвандгари асосии Шимол бо Маркази ҷумҳурӣ зери кӯрпаи ғафси барф ба хоби тӯлонии зимистон рафта буд. Панҷ моҳи тамом Шимоли кишвар аз маркази Тоҷикистон канда мегашт.
Он рӯзҳо Иттиҳоди Шӯравӣ дар гирдоби парокандагӣ қарор дошт. Хатҳои робита, ки солҳои дароз ҷумҳуриҳоро ба ҳам мепайвастанд, як ба як канда мешуданд. Деворҳои ноаёни ҷудоӣ миёни ҳамсоягон қомат меафрохтанд. Он чизе, ки дирӯз бародариву баробарӣ ном дошт, он рӯзҳо ба шубҳа ва беэътимодӣ табдил меёфт.
Муносибатҳо миёни ҷумҳуриҳо рӯз то рӯз заифтар мешуд. Равуо мушкил гашта буд. Барои расидан ба Панҷакент дигар роҳи кӯтоҳу пурпечутоби Анзоб вуҷуд надошт. Роҳ охири тирамоҳу, зимистону аввали баҳор баста буд.
Мусофир маҷбур мешуд аз роҳи тӯлонии Ӯзбекистон гузарад: аввал Сари Осиё, баъд Бойсун, сипас Деҳқонобод, Шаҳрисабз, ағбаи пуршебу хатарноки Китоб ва аз он ҷо ба Самарқанд ва баъдан аз Самарқанд ба Панҷакент. Роҳе, ки қариб панҷсад километрро ташкил медод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube