Рубрики Pressa

Асари навпайдои устод Айнӣ — Pressa.tj


Адабиётшиноси маъруфи тоҷик Абдухолиқи Набавӣ як асари нодири устод Садриддин Айниро пайдо кардааст, ки то ба имрӯз нашр нашудааст ва дар асарҳои муҳаққиқон низ зикре аз он нарафтааст. Ин асар Мирзо Абдулқодири Бедил. Ватан, замон, тарҷумаи ҳол, эҷодиёт ва фикри фалсафавии ӯ” унвон дошта, устод Айнӣ онро барои “Нашриёти тоҷикистонии Академияи фанҳои СССР” дар варақи А 4 ва дар 232 саҳфаи дастнавис бо ҳуруфи ниёгон таълиф кардааст…

Чанде пеш ба Институти забон ва адабиёти ба номи устод Рӯдакӣ ба дидори устод Абдухолиқи Набавӣ рафтам ва эшонро чун ҳамеша ғарқи мутолиа дарёфтам. Эшон хабар доданд, ки як асари навпайдои устод Садриддин Айниро дар бораи Мирзо Абдулқодири Бедил, ки шоир ва пажӯҳишгари ҷавон Хуршеди Эҳсон аз хати форсӣ ба кирилӣ баргардон кардааст, мутолиа доранд ва қарор аст, ин асар дар “Куллиёт”-и нави устод Айнӣ нашр шавад.

“Дар бораи ин асари тоза мо ҳангоми барои таҳияи Куллиёти нави Айнӣ аз назар гузаронидани бойгонии устод огоҳ шудем. Қазия чунин буд, ки банда ва муҳаққиқон Мубашшири Акбарзоду Хуршеди Эҳсон бо супориши роҳбари вақти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, академик Носирҷон Салимӣ зиёда аз даҳ рӯз бо маводи бойгонӣ ошно шуда, онро барои таҳриру тасҳеҳ ва таҳияи куллитёт аз назар гузаронидем ва рӯихат кардем, то ки кор болои Куллиёти нав осон шудаву осори устод дар он мукаммал фаро гирифта шавад ва баъзе аз онҳо тасҳеҳ карда шаванд. Ва дар ҳамин ҷараён дастнависи матни асари тозаи устод дар бораи Бедил пайдо шуд.“

Аҳли мутолиа огоҳанд, ки устод Садриддин Айнӣ рисолае доранд, таҳти унвони “Мирзо Абдулқодири Бедил”, ки он соли 1954 чоп шудааст. Аммо дар бораи рисолаи дигари устод дар бораи Бедил маълумот набуд.

Адабиётшиноси маъруфи тоҷик Абдухолиқи Набавӣ

Ба гуфти Абдухолиқи Набавӣ асари навпайдошуда “Мирзо Абдулқодири Бедил. Ватан, замон, тарҷумаи ҳол, эҷодиёт ва фикри фалсафавии ӯ” (Нашриёти тоҷикистонии Академияи фанҳои СССР) унвон дошта, дар варақи А 4 навишта шудааст (устод китоби авввалро дар дафтарҳои мактабӣ навишта буд) ва аз 232 саҳфаи дастнавис бо ҳуруфи ниёгон  иборат буда, ҳар саҳфа аз 15-16 сатрро фаро гирифтааст.

“Зикри ин нукта ҳам муҳим аст, ки устод барои нашриёти Академияи фанҳо таълиф кардани ин асарро дар саҳфаи аввал махсус таъкид мекунад. Аз ин ҷо тибқи нияти муаллиф асари сирф илмӣ будани он маълум мешавад ва шояд дар тафовут бо рисолаи “Мирзо Абдулқодир Бедил”, ки нашри оммавӣ буду Нашриёти давлатии Тоҷикистон чоп мекард, чунин таъкид зарур дониста шудааст. “ – мегӯяд Абдухолиқи Набавӣ.

Аммо суоле сар мезанад, ки чаро устод Садриддин Айнӣ дар як вақт ду асар дар бораи як шахс таълиф кардааст?

Устод Абдухолиқи Набавӣ ба ин суол чунин посух медиҳад:

“Аввалан, устод шояд мехост, ки афкори фалсафии Бедилро, ки даркаш барои хонандаи одӣ мушкил аст, баррасии алоҳида карда, манзури аҳли илм намояд ва ҳамин тавр масъалаи пажӯҳиши баъдии онро низ ба миён гузорад;

Сабаби дигар, тақризи (ретсензияи) пӯшидаи Муллоҷонов (М. Шаҳристонӣ) ба китоби “Мирзо Абдулқодири Бедил” мебошад, ки ба он хурдагириҳои беҷое карда буд. Аз ҷумла эрод гирифта буд, ки устод Айнӣ ба масъалаи таҳқиқи фалсафаи Бедил машғул нашудааст”.

Муқоваи дастнависи асари устод Айнӣ “Мирзо Абдулқодири Бедил. Ватан, замон, тарҷумаи ҳол, эҷодиёт ва фикри фалсафавии ӯ”

Мавриди зикр аст, ки пас аз он ки асари устод Садриддин Айнӣ “Мирзо Абдулқодири Бедил” чоп мешавад, он мавриди “ҳамла” қарор мегирад. Аз ҷумла, Муллоҷонови Шаҳристонӣ ба ин асар тақризи манфӣ менависад. Ин боиси он мегардад, ки устод Садриддин Айнӣ бархе аз қисматҳои китобашро ҳазф кунад. Дар ин бора худи устод дар посухаш ба Муллоҷонов менависад:

«Ин дуруст аст, дар таҳрири якум бе таҳлили дуруст ҳам бошад,  қисми фалсафаи Бедил ба китоб дохил карда шуда, аз порчаҳои фалсафии шоир намунаҳо ҳам дода шуда буд. Аммо дар таҳрири охирӣ, ки баъд аз набор карда шуд, қисми фалсафаро баровардан ба ду сабаб муносиб дида шуд:

Сабаби якум ин аст, ки ин китоб барои оммаи хонандагон нашр шуданист, забони фалсафаи Бедил, ки забони одии ӯ ҳам душворфаҳм аст, барои омма як бори гарон мешуд;

Сабаби дувум ин аст, ки порчаҳои фалсафии Бедил аз назму наср дар шакли китобчаи алоҳида ҷамъ карда шуда, барои нашри илмӣ ба Институти забон ва адабиёти Академияи фанҳои Тоҷикистон дода шуда буд ва ҳар кас, ки ба фалсафаи Бедил ҳавас дошта бошад, ба он китобча муроҷиат карданаш мумкин буд. Бинобар ин, дар як республика, дар як замон ду бор нашр кардани як материал мувофиқ набуд”.

Ва инак, бо гузашти беш аз 70 сол ин асар, ки устод Айнӣ “китобчаи алоҳида” гуфтааст, пайдо шуд ва кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ онро ба чоп омода карданд. 

Китоби “Мирзо Абдулқодири Бедил. Ватан, замон, тарҷумаи ҳол, эҷодиёт ва фикри фалсафавии ӯ” аз бахшҳои зерин иборат аст:

Ба ҷои сарсухан

I. Ватани Бедил.

II. Замони Бедил.

III. Тарҷумаи ҳоли Бедил.

– Тасҳеҳи хатоҳои муаллифи “Хизонаи омира” дар тарҷумаи ҳоли Бедил;

IV. Эҷодиёт ва фаъолияти адабии Бедил.

Мазмун ва ғояҳои асарҳои Бедил;

– Асарҳои таърихи таълифашон маълум ва номаълуми Бедил;

– Дар бораи забони Бедил;

V. Фикрҳои фалсафии Мирзо Абдулқодири Бедил.

– Аз фикрҳои фалсафии Бедил дар бораи хилқати олам;

– Фикри Бедил дар бораи таносух;

– Фикрҳои Бедил доир ба маротибаи инсонӣ расида натавоистани ҳайвонот;

VI. Фикрҳои Бедил дар бораи масъалаҳои иҷтимоӣ ва ахлоқ.

Суоли дигаре, ки сар мезанад, асари мазкур аз рисолаи қаблии устод Айнӣ, яъне “Мирзо Абдулқодири Бедил” чӣ фарқ дорад?

Устод Абдухолиқи Набавӣ баъди муқоисаи асарҳо ба чунин хулоса омадааст:

“Муқоиса нишон медиҳад, ки масъалаҳои умумӣ дар ин ду китоб ибортанд аз замони зиндагии Бедил, рӯзгору осори вай, баррасии эҷодиёт, дақиқ кардани лаҳзаҳои зиндагӣ ва забону сабки хоси баёни ӯ, ки дар ин маврид аз такрор шудани воқеаҳои таърихӣ, лаҳзаҳои зиндагии шоир, хусусияти муҳимми эҷодиёти вай, номи ашхос дар онҳо ҷои гурез нест. Аммо устод Айнӣ дар ҳар маврид кӯшидааст, ки дар асари охир дар ин бахшҳо низ ба такрори нозарур роҳ надиҳад ва, зиёда аз он, паҳлуҳои тозае аз зиндагӣ ва осори Бедил манзури хонандагон гардад. Масалан, тасҳеҳи хатоҳои муаллифи “Хизонаи омира” дар тарҷумаи ҳоли Бедил ва дақиқ кардани асарҳои таърихи таълифашон маълум ва номаълуми Бедил аз ҳамин навиҳо мебошанд. Зиёда аз он, дар ин асар бахшҳои ба ҷои сарсухан, ватани Бедил ва куллан фикрҳои фалсафии Бедил мавзуъу масъалаҳои тозаи таҳқиқӣ ба шумор меоянд, ки муҳтавои китобро ташкил додаанд.”

Ба гуфти Абдухолиқи Набавӣ устод Айнӣ дар ин асар афкору назари фалсафии Бедилро дар мавзуъҳои хилқати олам, таносух, тафовути мартабаи инсону ҳайвонот, иттиҳоди қавмҳои Ҳиндустон, масъалаҳои  иҷтимоъу ахлоқ хеле муфассал  бо зикри мисолҳои фаровон аз осори манзуму мансури шоир таҳлил ва мавриди баррасӣ қарор дода, дар бораи андешаҳои фалсафии вай натиҷагириҳои асосноку ибратангез намуда, ҳамзамон назди пажӯҳишгарони мавзуи мазкур барои таҳқиқоти оянда масъалагузорӣ мекунад.  

Хулоса, пайдо шудани асари устод Садриддин Айнӣ  “Мирзо Абдулқодири Бедил. Ватан, замон, тарҷумаи ҳол, эҷодиёт ва фикри фалсафавии ӯ” падидаи муҳими илмиву фарҳангист. Устод Абдухолиқи Набавӣ мужда доданд, ки он дар “Куллиёт”-и нави устод Айнӣ ҳамроҳ бо рисолаи “Мирзо Абдулқодири Бедил” чоп хоҳад шуд. Вале чӣ хуб мебуд, ки ин китоби устод Айнӣ дар алоҳидагӣ ҳам нашр ва дастраси алоқамандон гардад…

Одил Нозир  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *